Фотима Ғуломова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 35:
=== Театр ===
Беҳтарин нақшҳои иҷрокардааш дар намоишномаҳои театрӣ: Хонзода («Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ниёзӣ), Гонерил («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ), Нигина («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Бунафша («Духтари қишлоқӣ»-и М. Иброҳимов), Клариче («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони), шоҳдухтар ("Шоҳгавазн "-и К. Готсе), Любочка («Камбағалӣ айб нест»-и Н. Островский), Рина («Худораҳматӣ»-и Б. Нушич), бибӣ (филми «Овора»-и Г. Муҳаббатова), бибӣ («Нишона»-и А. Зокиров) ва ғ. Нақши зани тоҷикро дар бисёр намоишномаҳову филмҳо бо дарназардошти хислатҳои миллӣ хеле бомаҳорат бозидааст. Мунаққиди асарҳои театрӣ Римма Кречетова дар маҷаллаи «Иные берега» (чопи соли 2009) ба ҳунари бозигарии Фотима Ғуломова дар образи модари аламдор (намоишномаи «Омурзиш»-и Б. Абдураззоқов) баҳои баланд додааст. Ин намоишномаро он вақт Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковскийи Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунарии «Дидор дар Руссия» (Встречи в России) ба намоиш гузошта буд, ки Фотима Ғуломова ро минҳайси як ҳунарманди бузург муаррифӣ кард ва дар Порис тамошогарон маҳз ба хотири ҳамин нақши ӯ 40 дақиқа росто кафкӯбӣ кардаанд.
 
== Даргузашт ==
Фотима Ғуломова 1 марти соли 2021 дар 86-солагӣ дар шаҳри Душабе даргузашт<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/fotima-ghulomova-darguzasht/31127820.html|title=Фотима Ғуломова даргузашт. ВИДЕО, САДО|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2021-03-02}}</ref>.
 
== Эзоҳ ==