Фотима Ғуломова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 28:
 
== Зиндагинома ==
Фотима Ғуломова 31 декабри соли 1934 дар ноҳияи Шаҳринав, дар хонаводае, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон як силсила шахсиятҳои барҷаста додааст, ба дунё омадааст. Хоҳараш [[Соҷида Ғуломова]] коргардони маъруф ва бародараш [[Исфандиёр Ғуломов]] ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/29090121.html|title=Соҷида Ғуломова даргузашт|author=Муллораҷаб Юсуфӣ|website=Радиои Озодӣ|date=2018-03-10|lang=tg|accessdate=2021-03-02}}</ref>.

Гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом тадриҷан ба сиёсат гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, қатори садҳо рушанфикрони коммунист ба [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон эъзом карданд. Ин ҷо низ ӯро лозим омад дар сафи Артиши Сурх хизмат кунад ва дар ҷангҳо зидди душманони Ҳокимияти Шӯроҳо ҷангад. Баъдан ба корҳои омӯзгорӣ машғул шуд, мактаб бунёд кард ва худи [[Нусратулло Махсум]] ӯро дар мактаби бунёдкардааш директор таъйин кард<ref>{{Cite web|url=http://www.pitfi.tj/node/195|title=Маэстро Исфандёр Ғуломов|website=www.pitfi.tj|publisher=Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот|accessdate=2021-03-02}}</ref>. Фотима Ғуломова аз хурдӣ меҳри ҳунар дар қалбаш буд, аммо падараш тавсия медиҳад, ки ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавад. Аммо, зимни таҳсил дар соли саввум ӯро ба Институти дав­латии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав мефиристанд<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/tajik-culture-actress-asia/30352702.html|title=Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи машҳури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2021-03-02}}</ref>. Ӯ якҷо бо ҳунармандони маъруфи тоҷик [[Маҳмудҷон Воҳидов]], [[Ҳошим Гадо]] ва [[Марям Исоева]] ин донишкадаро хатм кард<ref name=":0" />.
 
== Хонавода ==