Фотима Ғуломова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 40:
=== Театр ===
Беҳтарин нақшҳои иҷрокардааш дар намоишномаҳои театрӣ: Хонзода («Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ниёзӣ), Гонерил («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ), Нигина («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Бунафша («Духтари қишлоқӣ»-и М. Иброҳимов), Клариче («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони), шоҳдухтар («Шоҳгавазн»-и К. Готсе), Любочка («Камбағалӣ айб нест»-и Н. Островский), Рина («Худораҳматӣ»-и Б. Нушич), бибӣ (филми «Овора»-и Г. Муҳаббатова), бибӣ («Нишона»-и А. Зокиров) ва ғ. Нақши зани тоҷикро дар бисёр намоишномаҳову филмҳо бо дарназардошти хислатҳои миллӣ хеле бомаҳорат бозидааст. Мунаққиди асарҳои театрӣ Римма Кречетова дар маҷаллаи «Иные берега» (чопи соли 2009) ба ҳунари бозигарии Фотима Ғуломова дар образи модари аламдор (намоишномаи «Омурзиш»-и Б. Абдураззоқов) баҳои баланд додааст. Ин намоишномаро он вақт Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковскийи Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунарии «Дидор дар Руссия» (Встречи в России) ба намоиш гузошта буд, ки Фотима Ғуломова ро минҳайси як ҳунарманди бузург муаррифӣ кард ва дар Порис тамошогарон маҳз ба хотири ҳамин нақши ӯ 40 дақиқа росто кафкӯбӣ кардаанд.
 
=== Синамо ===
Фитима Ғуломова дар чанд филм дар нақшҳои хурд ва ё лаҳзаӣ, ки дар Душанбе ба навор гирифта шудаанд, иштирок кардааст<ref>{{Cite web|url=https://oila.tj/news/fotima-ulomova-az-dubora-shavar-nakardan-pushaymon-nestam|title=Фотима Ғуломова: Аз дубора шавҳар накардан пушаймон нестам!|website=oila.tj|lang=tg|accessdate=2021-03-02}}</ref>. Ӯ дар филми "Овора" нақши бибиро бозидааст<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/602010.html|title=Бозгашти "Овора"-и Тоҷикфилм аз Зиддӣ|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2021-03-02}}</ref>.
 
== Даргузашт ==