Фирдавсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 50:
Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх [[Аттори Нишопурӣ]] ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.
 
Абулқосим Фирдавсӣ яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «[[Шоҳнома]]» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:
 
{{Иқтибоси академикӣ|<poem>
 
: Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
== Донишмандон дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" ==
: Ба дониш дили пир барно бувад.
 
Шоирон ӯро пайғамбари назму шеър хондаанд:
 
1.
{{аввали иқтибос}}
Дар назм се тан паямбаронанд,
 
Ҳарчанд, ки «ло набия баъдӣ»,
 
Авсофу қасидаву ғазалро,
 
Фирдавсию Анвариву Саъдӣ.
{{охири иқтибос}}
 
2. Онҳое, ки қадри Ҳиким Фирдавсӣ-ро нашнохтанд:
{{аввали иқтибос}}
Бар хирад бедод рафту додро нашнохтанд,
 
Ҳамзабонон ҳикмати Устодро нашнохтанд,
 
Баҳри инсон мезад ӯ бонги адолат дар ҷаҳон,
 
Ҳамдиёрон маънии фарёдро нашнохтанд.
 
Бар рухи бунёди зулмат офтобе пош дод,
 
Шабпарсатон аз қазо бунёдро нашнохтанд.
 
Номаи шоҳон накӯҳишномаи бедодҳост,
 
Нуктасанҷон рози ин бедодро нашнохтанд.
 
Аз шукӯҳу шавкати фарри ниёгон қисса дошт,
 
Ворисони нохалаф аҷдодро нашнохтанд.
 
"Он ки бо сеҳри сухан мулки Аҷамро зинда кард",
 
Камназарҳо шеваи эъҷодро нашнохтанд.
 
Аз ҷафои давр андар кунҷи танҳоӣ муқим,
 
Ҳамзамонон шоири озодро нашнохтанд.
 
Алғараз, дар олами маънӣ расуле тоза буд,
 
Лек ин пайғамбари навзодро нашнохтанд.
{{охири иқтибос}}
 
3. Ҳаким Фирдавсӣ забони форсиро зинда кардааст:
{{аввали иқтибос}}
Сиккае к-андар сухан Фирдавсӣ-и Тӯсӣ нишонд,
 
Кофирам гар дигаре аз зумраи форсӣ нишонд.
 
Аввал аз болои курсӣ, бар замин омад сухан,
 
Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд.
{{охири иқтибос}}
 
4. Ишораи Шайх [[Саъдӣ]] ба Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Чӣ хуш гуфт Фирдавсӣ- и покзод!
 
Ки раҳмат бар он турбати пок бод:
 
«Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
 
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст»!
{{охири иқтибос}}
 
5. Ҳаким Фирдавсӣ буд, ки шукуҳу фарри ниëгонро зинда кард:
{{аввали иқтибос}}
Он чи Куруш карду Доро, в-он чи Зардушти меҳин,
 
Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсӣ- и сеҳрофарин.
{{охири иқтибос}}
 
6. Достони Ҳаким Фирдавсӣ ва Темури Ланг:
{{аввали иқтибос}}
Масти хун бо савлату боди бурут,
 
Чун суи Эронзамин лашкар кашид,
 
Ланг-лангон Темури бедодгар
 
Бар мазори поки Фирдавсӣ расид.
 
Бар сари хоки гиромӣ по фишурд,
 
Мушти хокеро гирифту бод кард.
 
Баъд байти зерро бо заҳрханд
 
Гӯиё аз номи худ бунёд кард:
 
«Сар аз хок бардору Эрон бубин,
 
Ба чанги далерони Турон бубин!»
 
Ногаҳон Фирдавсӣ берун шуд зи гӯр,
 
Устухонҳо ларз-ларзон аз ғазаб.
 
Байти зеринро бихонду ғайб зад
,
 
Ҳамчу нақши зузанаб дар коми шаб:
 
«Дар Эрон намондаст шеру паланг,
 
Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг…»
 
Лол шуд Темур чу санги рӯи гӯр,
 
Мушкилашро кард осон аскаре:
 
«Мурдагонаш гар чунин зӯроваранд,
 
Зиндагонашро чӣ сон зӯр оварӣ!»
 
Пирмарде гуфт: «Гоҳо, ҳазратам,
 
Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд.
 
Фатҳи кӯҳ аз фатҳи рӯҳ осонтар аст,
 
Мурдаҳо аз зиндаҳо пурдилтаранд…»
{{охири иқтибос}}
 
7. Васфи Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Аз он рӯз Яздон ҷаҳон офарид,
 
Чу Фирдавсӣ одам суханвар надид.
 
Ҳакиме буд номовару кордон,
 
Хирадманду донандаи бостон.
 
Зи таърихи гетӣ бигуфт ӯ сухан,
 
Навишт як сар пайкори даври куҳан.
 
Зи Ҳурмузду Зардушти фархундапай,
 
Зи Ҷамшеду Заҳҳоку Ковуси кай.
 
Зи Кайхусрав, Афредуну Ардашер,
 
Зи гурдону номоварони далер.
 
Зи Эрону Тӯрону туркони зӯр,
 
Зи Афросиёбу зи Баҳроми гӯр.
 
Зи Сӯҳробу Рустам, зи кини падар,
 
Зи Таҳмина, сӯгаш ба марги писар.
 
Зи Доробу Дорову Исфандийор,
 
Зи Искандару оташи корзор.
 
Зи Нӯшинравону зи Сосонийон,
 
Зи оғози гетӣ, ҷаҳон то ҷаҳон.
 
Бигуфт аз Бузургмеҳру аз Борбад,
 
Зи Парвизу Хусрав, зи неку зи бад.
 
Зи Усмону Уммар, зи хоки Аҷам,
 
Зи куштору тороҷу ҷавру ситам.
 
Ҳама саргузашти Аҷам йод кард.
 
Руҳи рафтагонро бадин шод кард.
 
Ба Шаҳнома заҳмат кашид сол сӣ,
 
Аҷам зинда кард ӯ, бадин порсӣ.
 
Зи бигзашта бинвишт байт шаст ҳазор,
 
Бикард гетиро неку бад ошкор.
 
Ки бодаш сипосу зеҳу офарин,
 
Зи рӯи замин то ба чархи барин.
 
Ба некӣ зи ӯ дар ҷаҳон йод бод,
 
Ки арвоҳи покаш ҳаме шод бод.
 
Ҷаҳон то ҷаҳон бигзарад аз ҷаҳон,
 
Зи Фирдавсӣ монад ба гетӣ нишон.
 
Ки пур бод аз лутфи Ҳақ ҷоми ӯ,
 
Накӯ бод оғозу анҷоми ӯ.
 
Ба хокаш ҳаме раҳмати Ҳақ бод,
 
Мазорашро ҳаргиз газанде мабод.
 
Чу Маҳмуд нашнохт қадри варо,
 
Ки кард зиндагиаш пур аз моҷаро.
 
Накардӣ ба гетӣ ба ҷуз бад ба йод,
 
Зи Маҳмуди бадгавҳари баднажод.
 
Тани Маҳмуд ё Раб, ба оташ бисӯз,
 
Бад-ин руҳи Пири хирад барфурӯз.
{{охири иқтибос}}
 
8. Ëди Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Куҷо хуфтаӣ, эй баланд Офтоб?
 
Бурун ою бар фарқи гардун битоб.
 
На андархӯри туст рӯи замин,
 
Зи ҷо хезу бар тахти даврон нишин.
 
Куҷо мондаӣ, эй рӯҳи қудсисиришт,
 
Ба чорум фалак ё ба ҳаштум биҳишт?
 
Ба як гӯша аз гетӣ ороми туст,
 
Ҳама гетӣ канда аз номи туст.
 
Чу оҳанги шеъри ту ояд ба гӯш,
 
Ба тан хуни афсурда ояд ба ҷӯш.
 
Зи «Шоҳнома» гетӣ пуровоза аст,
 
Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.
 
Ту гуфтӣ: «Ҷаҳон кардаам чун биҳишт,
 
Аз ин беш тухми сухан кас накишт»...
 
Зи ҷо хезу бингар, к-аз он тухми пок
 
Чӣ гулҳо дамидаст бар тарфи хок.
 
На он гул, ки дар Меҳргон пажмурад,
 
Нахандида бар шох, бодаш барад.
 
На ҷаври хазон дида гулзори ӯ,
 
На бар дасти гулчин шуда хори ӯ.
{{охири иқтибос}}
 
9. Бузургии Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
 
Агар зан бувад, қаҳрамонӣ кунад.
{{охири иқтибос}}
 
: Агар хоҳи аз ҳар ду сар обрӯй
: Ҳама рости кун,ҳама рост гӯй.
: Пай афкандам аз назм кохи баланд,
: Ки аз боду борон наёбад газанд.
: Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,
: Ки тухми суханро парокандаам.
</poem>}}
[[Акс:ارامگاه فردوسی طوس (4).jpg|алт=Оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс|марказ|мини|414x414px|<center>Оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс</center>]]
 
 
== Эзоҳ ==