Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 4:
 
== Таърих ==
Тило яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо муҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тилоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тило, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар [[Миср]] оғоз ёфта буд ва тилоро [[Офтоб]] «қурси калону дурахшони тило» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тило рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хизматхидмат мекард. Парастиши тило чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи [[Замин]], тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тило истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тило дар [[Русия]] (соли 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тилоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тило дар қишри замин ҳамагӣ 5•10<sup>−7</sup>%-ро ташкил мекунад.
 
Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тило сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тилогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тило ва маргниқоби тилоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тило ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тилоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав — ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Тило"