Владимир Маяковский: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х ислоҳи имло using AWB
Сатри 16:
Владимир Маяковский аз 14 солагӣ ба узвияти ҳизби болшевик даромад. Ва солҳои қабл аз инқилоб, фаъолиятҳои ҳунарӣ ва сиёсии худро оғоз кард. Владимир андаке баъд барои нахустин бор дастгир шуд. Пас аз се соли боздошт ва табъид (бадарға) дар соли 1911 таҳсил дар мадрасаи ҳунарҳои зебои Московро оғоз кард. Ва дар ҳамин даврон бо Давид Бурлюк, Владимир Хлебников, Василий Каменский, шоир ва ҳунармандони ҳамасраш, ошно мешавад. Вай дар навиштани ду баёнияи футуристҳо ҳамкорӣ мекунад. Ва барои муаррифии ҷунбиши адабии ҷадид ва шеърхонӣ ба шаҳрҳои мухталифи Русия меравад. Вай дар шеъри русӣ вазн, алфоз, иборот, тамсилҳо ва истиороти тоза ва бадеъ падид овард. Бо дунбол кардани сабки (стил)-и ояндагароёна осори худро халқ мекард, вале ба ҳама усули ин сабк пойбанд набуд ва равиши хоси худашро дошт<ref name=":0" />.
 
Владимир Маяковский дар 20 солагӣ ба унвони яке аз маъруфтарин намояндагони футуристҳои русӣ ба шуҳрат ва маъруфият расид. Вай аз ҳеҷҳеч василае барои интишори афкор ва осори худ бок надошт ва ҳатто дар кӯчаҳо қадам мезад, ва барои мардум шеър мехонд. Ҳикоят мекунанд: «Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Русия ӯ ба ҷабҳаҳои (фронт) мерафт ва дар сангарҳо ашъори худро барои сарбозон мехонд. Мардум аз ашъори ӯ илҳом гирифта, нотарсона ба ҷанг мешитофтанд. Ӯ бо садое расо ва пурҷушу хуруш дар радио осори худро мехонд ва мардум он ашъорро фавран ҳифз мекарданд…». Аз 13 ҷилд мероси адабии Маяковский 12 ҷилди он баъд аз инқилоби Русия (1917) ба вуҷуд омадааст. Ӯ адабиёти манзум ва шеърро бо воқеият наздик карда, онро дар хидмати ниёзмандиҳои муосир гузошт. Ва табдил ба силоҳе барои мубориза дар ростои ҳадафҳои худ намуд.
 
Владимир Маяковский аз ашъори классикӣ лаззат мебурд, аммо бандаи онҳо намешуд. Ӯ мегуфт: «Ҳунар бояд бо зиндагӣ даромехта шавад. Ё бояд дар ҳам омехта шавад ё бояд нобуд шавад.»
Сатри 29:
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Русия]]
[[Гурӯҳ:Ҳунармандон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:ДаргузаштагониЗодагонигузаштагони Маскав]]