Вахш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Хусусиятҳо: ислоҳи имло using AWB
 
Сатри 31:
Вахш дар даврони бостон сарчашмаи аслии [[Дарёи Аму|Омударё]] шумурда мешуда аз ин рӯд номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.
== Хусусиятҳо ==
Дарёи Вахш (Рӯди Вахш)- яке аз калонтарин шохобҳои [[Дарёи Аму|Омударё]] буда, аз қисми шарқии қаторкӯҳи Олой дар масофаи 524км ҷорӣ мешавад. Ҳавзаи дарёи Вахш 39100км² мебошад. Шохобҳои калонтарини он аз каторкӯҳҳои Паси Олой сар шуда, дар саробаш номи Карсуро мегирад. Вай дар поёнтар бо номи Кизилсӯ маълум аст. Кизилсӯ аз тафи чап шохобҳои гуногун дошта, аз водии Олой мегузарад ва ҳудуди Тоҷикистонро ба дигар шохоб ба Муғсӯ ҳамроҳ мешавад. Муғсӯ аз ҳудуди шимоли шарқии [[Помир]] сарчашма гирифта, дар сароби худ Баландкиик номида мешавад. Муғсӯ бо Кизилсӯ як шуда Сурхобро ташкил медиханд. Дар қисмати шарқӣ ба Сурхоб дарёи Хингоб якчоя шуда,ба худ номи Вахшро мегирад. Дарёи Вахш дар байни дигар дарёҳои ҷумҳурӣ хусусиятҳои махсус дорад. Давраи сероби моҳҳои июн-июл мебошад. Оби он ҳамеша каму зиёд мешавад. Дар як сония 836м мукааб об ҷорӣ мешавад, ки ин ба 20,4%-и сарфи солона баробар аст. Давраи камобии он ба моҳҳои декабр, январ, феврал ва март рост меояд. Дарёи Вахш яке аз дарёҳои аҳамиятноктарини [[Тоҷикистон]] буда, барои обёрии заминҳои пахтакор ва дигар зироатҳои водии Вахш мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад. Аз лиҳози иқтисодӣ дарёи Вахш барои рушди кувваҳоиқувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон мавқеи бузург дорад.
 
Дарозои ин рӯд 786 км, паҳнои ҳавзаи обхезаш 39 100 км², миёнгини гузашти обаш 156 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ дар пахтазорҳо ба кор меравад. Аз дараи рӯди Вахш шоҳроҳи [[Душанбе]] — [[Чанак]] мегузарад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Вахш"