Николай Воронов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
 
Сатри 3:
 
== Зиндагинома ==
Хатмкардаи курсҳои фармондеҳии артиллерия (1918) ва Академияи ҳарбии ба номи М. Фрунзе (1930). Иштироккунандаи Ҷанги шаҳрвандии РуссияРусия. Аз соли 1918 то 1934 фармондеҳи ҷузъу томҳои артиллерӣ ва ситодӣ, 1934-36 директори Омӯзишгоҳи 1-уми артиллерии Ленинград, 1936-37 мушовири низомӣ дар Испания, 1937-41 фармондеҳи артиллерияи Артиши Сурх, сардори Раёсати мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, 1941-43 ҷонишини комиссари халқии мудофиаи ИҶШС, дар давраи ҶБВ (1941-45) фармондеҳи артиллерия ва намояндаи Ситоди Сарфармондеҳи Олӣ буд. Ба торумор кардани гурӯҳи бамуҳосираафтодаи фашистони немис дар назди Сталинград сарварӣ намуд.
 
Нахустин касест, ки рутбаи маршали артиллерияро (1943) гирифтааст. Аз соли 1946 фармондеҳи артиллерияи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС. Солҳои 1950-53 президенти Академияи илмҳои артиллерӣ, 1953-58 сардори Академияи ҳарбии фармондеҳии артиллерӣ, аз соли 1958 дар корҳои масъули Вазорати мудофиаи ИҶШС. Муаллифи ёддоштҳои «Дар хидмати ҳарбӣ» (1962). Депутати Совети Олии ИҶШС (даъвати 2).