Николай Воронов
Никола́й Никола́евич Во́ронов (23 апрел (5 майи) 1899, Санкт-Петербург, Русияи подшоҳӣ — 28 феврали 1968, Маскав, ИҶШС) — сарлашкари шӯравӣ, Сармаршали артиллерия (1944[3]), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1965).
Николай Воронов | |
---|---|
![]() | |
Зодрӯз | 23 апрел (5 май) 1899 |
Таърихи даргузашт | 28 феврал 1968[1][2] (68 сол) |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | артиллерия[d] |
Қисм | Chief Marshal[d], Comcor[d], Q16636070?, Marshal of the branch[d], kombrig[d] ва Komandarm 2nd rank[d] |
Равобит | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Хатмкардаи курсҳои фармондеҳии артиллерия (1918) ва Академияи ҳарбии ба номи М. Фрунзе (1930). Иштироккунандаи Ҷанги шаҳрвандии Русия. Аз соли 1918 то 1934 фармондеҳи ҷузъу томҳои артиллерӣ ва ситодӣ, 1934-36 директори Омӯзишгоҳи 1-уми артиллерии Ленинград, 1936-37 мушовири низомӣ дар Испания, 1937-41 фармондеҳи артиллерияи Артиши Сурх, сардори Раёсати мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, 1941-43 ҷонишини комиссари халқии мудофиаи ИҶШС, дар давраи ҶБВ (1941-45) фармондеҳи артиллерия ва намояндаи Ситоди Сарфармондеҳи Олӣ буд. Ба торумор кардани гурӯҳи бамуҳосираафтодаи фашистони немис дар назди Сталинград сарварӣ намуд.
Нахустин касест, ки рутбаи маршали артиллерияро (1943) гирифтааст. Аз соли 1946 фармондеҳи артиллерияи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС. Солҳои 1950-53 президенти Академияи илмҳои артиллерӣ, 1953-58 сардори Академияи ҳарбии фармондеҳии артиллерӣ, аз соли 1958 дар корҳои масъули Вазорати мудофиаи ИҶШС. Муаллифи ёддоштҳои «Дар хидмати ҳарбӣ» (1962). Депутати Совети Олии ИҶШС (даъвати 2).
ҶоизаҳоВироиш
Бо 6 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 4 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени дараҷаи 1 Суворов, ордени Ситораи Сурх, медалҳо, 5 ордени хориҷӣ, туфанги фахрӣ сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Воронов Николай Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ https://www.tracesofwar.com/persons/39979
- ↑ Указ Президиума Верховного Совета СССР «О присвоении маршалу артиллерии Воронову Н. Н. военного звания главного маршала артиллерии» от 21 февраля 1944 года // Ведомости Верховного Совета Союза Советских Социалистических Республик : газета. — 1944. — 29 февраля (№ 12 (272)). — С. 1
АдабиётВироиш
- Казаков К. Главний маршал артиллерии Н. Н. Воронов // Военно-исторический журнал, 1979, № 5;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
СарчашмаВироиш
- Воронов Николай Николаевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.