Абдураҳим Шерматов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
Сатри 29:
''' Абдураҳим Шерматов''' - [[овозхон]] ва мақомсаройи тоҷик, [[омӯзгор]]
== Зиндагинома ==
Аз оилаи коргар. Фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (1975). Омӯзгори мактаби № 43 (1975-1977), мудири клуби сайёр, роҳбари бадеии коҳи фарҳанг, директори хонаи маданияти №2 (1977-1993), роҳбари ансамбли «[[Шашмақом]]»-и шӯъбаишуъбаи фарҳанг, директори қасри «Шифокорон»-и осоишгоҳ, ҷонишини сардухтур оид ба корҳои маданию равшаннамоии осоишгоҳи «[[Зумрад]]» (1993-1995), аз соли 1996 сармуаллими факултаи санъати ДДХ. Роҳбари бадеии ансамбли бачагонаи «[[Шашмақом]]» (2003) мебошад.
Сирру асрори [[Шашмақом]] ва навову сурудҳои классикиро аз ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Мирзоқурбон Солиев омӯхт. Бо ҳунармандони маъруфи [[Шашмақом]] [[Боймуҳаммад Ниёзов]], [[Ҷӯрабек Муродов]] ва [[Камолиддин Раҳимов]] ҳамкории эҷодӣ дорад. Беш аз 30 оҳанг эҷод намуда, устоди зиёда аз 20 наф. сарояндагони сурудҳои классикӣ мебошад.
Иштирокдори симпозиумҳои байналхалқии мақомхонон дар [[Самарқанд]], [[Исфара]] ва [[Душанбе]] («Аржанг-2001»), ғолиби озмуни шашмақомхонони ҷумҳурӣ (1990) ва дорандаи медали “Хизмати шоиста” (2000) аст.
Филми мустанади «Марди ҳунар» ([[ТВ Тоҷикистон]], 1993, реж. И. Самадов, 50 даҷ.) ба фаъолияти ҳунарвариаш бахшида шуда, фонди тиллоиитилоии радиои тоҷик зиёда аз 20 савту сурудҳои классикиро дар иҷрои Шерматов маҳфуз медорад.<ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. ISBN 978-99947-49-13-3</ref>
 
== Сарчашма ==