Ҳарф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ивазкунии саҳифа бо ''''Ҳарф''' — хурдтарин воҳиди забон мебошад. Мисол: ''а, б, г, д, ж, й, қ, л, м, н, о, р, с, ч, ҷ, ӯ.'' |} == Нигаред низ == * Хат * Алифбои тоҷикӣ * Забони тоҷикӣ == Эзоҳ == {{эзоҳ}} Гурӯҳ:Забони тоҷикӣ'
Барчасб: ҷойгузин шуд
Сатри 1:
'''Ҳарф''' — хурдтарин воҳиди забон мебошад.
Мисол: ''а, б, г, д, ж, й, қ, л, м, н, о, р, с, ч, ҷ, ӯ.''
[[Акс:Basomadi vohurii harfhoi tojiki.jpg|right|]]
==Басомади вохӯрии ҳарфҳои адабиёти тоҷик==
Дар рафти тадқиқотҳо дар достонҳои назмию насрии шоиру нависандагони тоҷику форс басомади такроршавии ҳарфҳо ҳисоб карда шуд, ки бояд дар байни асарҳои муаллифон фарқият ёфта шавад, аммо натиҷаи дигар ба даст омад. Яъне дар назар дошта шуда буд, ки агар такроршавии ҳарфҳо дар матнҳои гуногуни адибон ҳисоб карда шавад, қиматҳои гуногун мебароянд, вале дар натиҷа қиматҳои баровардашуда, бо ҳам хеле наздик ва монанд буданд. Баъди чунин натиҷабарорӣ, барои муайян кардани ҳаққонияти ин нишондиҳандаҳои басомади такроршавӣ ҳам асарҳои насрӣ ва ҳам асарҳои назмӣ дида шуд. На танҳо асарҳои адибони классик, балки асарҳои шоирону нависандагони муосир низ ҳисоб карда шуд, ки боз монандии наздик ва вобастагии зич байни коэффитсиентҳо маълум гардид.

Барои тадқиқот, чунин асарҳои шоирону нависандагон гирифта шуд, ки бо воҳиди ченакашон дар кило байтҳо (Кб) ва дар шеърҳо бошад бо миқдори байтҳо (2 – мисраъҳо) оварда шудааст:

– достонҳои Абулқосим [[Фирдавсӣ]]: “Таҳмурас” (5.58 Кб, 50 байт), “Ҷамшед” (24.1 Кб, 216 байт), “Заҳҳок” (60.3 Кб, 541 байт), “Фаридун” (127 Кб, 1151 байт), “Манучеҳр” (226 Кб, 2028 байт), “Нӯзар” (68.2Кб, 611 байт), “Кайковус” (110 Кб, 992 байт), “Суҳроб” (164 Кб, 1459 байт), “Сиёвуш” (313 Кб, 2764 байт), “Достони ҷанги Рустам бо Аквондев” (26.1 Кб, 232 байт), “Достони Бежан ва Манижа” (149 Кб, 1335 байт);

– асарҳои [[Носири Хисрав]]: “Саодатнома” (33.4 Кб, 300 байт), “Маснавиҳо” (17.1 Кб, 151 байт);

– [[Мирзо Турсунзода]]: “Садои Осиё” (9.89 Кб, 67 байт);

– [[Муъмин Қаноат]]: “Масъуднома” (11.3 Кб, 89 байт), “Сурӯши якум” (36 Кб, 323 байт);

– [[Лоиқ Шералӣ]]: “Куллиёт” (129.8 Кб, 1131 байт);

– [[Садриддин Айнӣ]]: “Аҳмади Девбанд” (86.2 Кб), “Ғуломон” (383 Кб);

– [[Ҷалол Икромӣ]]: “Ман гунаҳкорам” (666 Кб).

Коркарди омории маълумотҳо аз се марҳала иборат аст, ки якум ҳисобкунии басомади вохӯрии ҳарфҳо (бо ва бе ҳисобгирии фосила), ки дар алоҳидагӣ ин маълумотҳо дар боло оварда шудааст. Дуюм ҳисоб кардани коэффитсиенти муносибати басомади ҳарфҳои ҳамаи мувофиқатии ҷуфтии асарҳо ва сеюм тафтиши фарзияҳо оид ба коэффитсиентҳои муносибати ба даст омада. Ҳамчунин басомади такроршавии ҳарфҳо ҳам аз рӯи садонокҳо ва ҳам аз рӯи ҳамсадоҳо дар алоҳидагӣ, ҳамчунин дар якҷоягӣ ҳисоб карда шудаанд.

Натиҷаҳои коркардҳои омории маълумотҳо дараҷаи баланди муносибати басомади ҳарфҳои ҳамаи мувофиқатии ҷуфтии асарҳоро нишон доданд. Дар байни онҳо қимати минималии коэффитсиенти муносибат, баробари 0,900 ва 0,967, дар байни “Маснавиҳо” - и Носири Хисрав ва “Масъуднома” - и Муъмин Қаноат (бо фосила) ва байни “Масъуднома” – и Муъмин Қаноат ва “Манучеҳр” - и Абулқосим Фирдавсӣ (бе ҳисобгирии фосила) аст. Ҳамчунин қобили қайд аст, ки тафтиши фарзияҳо оид ба коэффитсиентҳои муносибати низ муҳимиятеро нишон доданд.

Исбот: Басомади аломатҳои алифбои тоҷикӣ (ҳарфҳо бо фосила ва бе фосила) дар асарҳои шоирони классики адабиёти тоҷику форс, инчунин адибони гуногуни назму насри тоҷик аз мушоҳидаи оморӣ фарқнакунанда аст. Аз ҳамин ҷо дарк кардан мумкин аст, ки шоиру нависандагон дар асарҳои худ, аз замони пеш то ҳозир хеле кам калимаҳои навро дохил кардаанд, яъне калимаҳои куҳна бисёртар истифода шудаанд.

Басомади такроршавии ҳарф дар матн намуди калимаҳоро муайян кард, ки калимаҳо дар ҳама давраҳо якхелаанд. Яъне аз рӯи садонок ва ҳамсадоҳое, ки дар калимаҳо меоянд, калимаҳоро аз ҷиҳати оморӣ - математикӣ муайян мекунад, ки дар ҳама давраҳо муносибати зич доранд.
Дар рафти тадқиқотҳо маълумотҳои ҳаҷмашон хурд низ ҳисоб карда шуд, ки аз ҳама маълумоти камтар низ ҳамин хел натиҷаро нишон медиҳад. Басомади ҳарфҳо байни худ мувофиқ меоянд, инчунин коэффитсиенти муносибати зич аст ва фарзияҳо барои натиҷаҳои оморӣ муҳимиятеро нишон доданд, ки ин асарҳои: Абулқосим [[Фирдавсӣ]] “Озармдухт” (1.13 Кб, 10 байт), Умар [[Хайём]] “Рубоиҳо” (26 Кб, 202 байт) ва Садриддин Айнӣ: Шеърҳо (11.5 Кб, 102 байт) мебошанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки барои мо асари зиёдро коркард кардан лозим нест, 10 байт кифоя аст, ки басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикиро ба даст орем. Яъне мо метавонем аз рӯи ҳаҷми хурди маълумот басомади такроршавии ҳарфҳоро ҳисоб карда, хоси калимаҳои наву куҳнаашро муайян кунем.

Тадқиқотҳо барои басомади вохӯрии ҳарфҳо дар рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои дигар ба даст омаданд. Дар матнҳои маҷаллаву рӯзномаҳо миқдори такрорёбии ҳарфҳо дигар натиҷаро нишон доданд. Фоизнокии нишондиҳандаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо, аз асарҳои адибони классику муосир фарқкунанда баромад.

Ин натиҷаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки калимаҳои нави бегона, калимаҳо тарҷумашудаи хоси забони тоҷикӣ набуда, калимаҳои нави пайдо шуда ва ё ин ки калимаҳои замонавӣ бисёртар ба рӯзнома ва маҷаллаҳо дохил шудаанд, онҳо калимаҳои хоси забони тоҷикиро ба як миқдори муайян аз даст додаанд, зеро истифодаи дигар калимаҳо миқдори муайяни фоизнокии фарқкунандаро дар калимаҳо каме бисёртар нишон дод.

Хулоса: Тадқиқотҳои аввалин оид ба ҳисоби басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар кори зерин Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре – Душанбе: Ирфон, 2010, 104 с.<ref>Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре – Душанбе: Ирфон, 2010, 104 с.</ref> оварда шудааст, лекин боз дар тадқиқоти дигар муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар асарҳои классикон ва асарҳои адибони муосир аз мушоҳидаи оморӣ фарқнакунанда аст <ref>Усманов З.Д., Қосимов А.А. Частотность букв таджикской литературы – Доклады Академии наук Республики Таджикистан, 2015, т.58, № 2, соли 112-115</ref>,<ref>Косимов А.А. Басомади такроршавии ҳарфҳои адабиёти тоҷик – Маҷаллаи “Шафақ”, Нашрияи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, 24.11.2015, №21, соли 2.</ref>. Ҳисоби миёнаи маълумот ба як ҳарфи алифбои тоҷикӣ ҳисоб карда шуд. Аз рӯи ин ҳисобҳо дар оянда тағйирёбии зуҳуроти калимаҳои навро забони тоҷикӣ муайян кардан осон хоҳад гашт.

Ин комёбӣ ва дастовардҳо бо роҳбарии [[Зафар Усмонов]], академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва [[Хуршед Худойбердиев]], номзади илмҳои физика ва математика ба даст омадааст.

==Басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ==
Омори басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ бе ҳисобгирии фосила (пробел):
{|class="wikitable sortable"
!Рутба ||Ҳарф ||Истифода бурдан ||Басомад ||Маводи иттилоотӣ

|1 ||А ||195836 ||0,165 ||0,429

|2 ||О ||100038 ||0,084 ||0,301

|3 ||Р ||87084 ||0,074 ||0,277

|4 ||И ||86991 ||0,073 ||0,277

|5 ||Н ||81061 ||0,068 ||0,265

|6 ||Д ||80182 ||0,068 ||0,263

|7 ||У ||55282 ||0,047 ||0,206

|8 ||Б ||52717 ||0,045 ||0,200

|9 ||М ||49675 ||0,042 ||0,192

|10 ||Т ||42325 ||0,036 ||0,172

|11 ||С ||32392 ||0,027 ||0,142

|12 ||К ||32105 ||0,027 ||0,141

|13 ||Ш ||30861 ||0,026 ||0,137

|14 ||Ҳ ||30175 ||0,025 ||0,135

|15 ||З ||28835 ||0,024 ||0,131

|16 ||Е ||25284 ||0,021 ||0,118

|17 ||Г ||22190 ||0,019 ||0,108

|18 ||В ||18755 ||0,016 ||0,095

|19 ||Х ||18248 ||0,015 ||0,093

|20 ||Л ||14694 ||0,012 ||0,079

|21 ||Ӯ ||13967 ||0,012 ||0,076

|22 ||Ф ||12976 ||0,011 ||0,071

|23 ||П ||12425 ||0,010 ||0,069

|24 ||Ч ||10000 ||0,008 ||0,058

|25 ||Ҷ ||8748 ||0,007 ||0,052

|26 ||Й ||8447 ||0,007 ||0,051

|27 ||Ӣ ||7874 ||0,007 ||0,048

|28 ||Я ||6870 ||0,006 ||0,043

|29 ||Ё ||6454 ||0,005 ||0,041

|30 ||Қ ||4650 ||0,004 ||0,031

|31 ||Ғ ||2734 ||0,002 ||0,020

|32 ||Э ||1503 ||0,001 ||0,012

|33 ||Ъ ||1488 ||0,001 ||0,012

|34 ||Ж ||867 ||0,001 ||0,008

|35 ||Ю ||574 ||0,000 ||0,005

| ||Ҷамъ ||1184307 ||1 ||4,36

== Нигаред низ ==
Омори басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ бо ҳисобгирии фосила (пробел):
* [[Хат]]
{|class="wikitable sortable"
* [[Алифбои тоҷикӣ]]
!Рутба ||Ҳарф ||Истифода бурдан ||Басомад ||Маводи иттилоотӣ
* [[Забони тоҷикӣ]]

|1 ||Пробел ||265983 ||0,183 ||0,449
== Эзоҳ ==

{{эзоҳ}}
|2 ||А ||195836 ||0,135 ||0,390

|3 ||О ||100038 ||0,069 ||0,266

|4 ||Р ||87084 ||0,060 ||0,244

|5 ||И ||86991 ||0,060 ||0,243

|6 ||Н ||81061 ||0,056 ||0,233

|7 ||Д ||80182 ||0,055 ||0,231

|8 ||У ||55282 ||0,038 ||0,180

|9 ||Б ||52717 ||0,036 ||0,174

|10 ||М ||49675 ||0,034 ||0,167

|11 ||Т ||42325 ||0,029 ||0,149

|12 ||С ||32392 ||0,022 ||0,122

|13 ||К ||32105 ||0,022 ||0,122

|14 ||Ш ||30861 ||0,021 ||0,118

|15 ||Ҳ ||30175 ||0,021 ||0,116

|16 ||З ||28835 ||0,020 ||0,112

|17 ||Е ||25284 ||0,017 ||0,102

|18 ||Г ||22190 ||0,015 ||0,092

|19 ||В ||18755 ||0,013 ||0,081

|20 ||Х ||18248 ||0,013 ||0,079

|21 ||Л ||14694 ||0,010 ||0,067

|22 ||Ӯ ||13967 ||0,010 ||0,065

|23 ||Ф ||12976 ||0,009 ||0,061

|24 ||П ||12425 ||0,009 ||0,059

|25 ||Ч ||10000 ||0,007 ||0,050

|26 ||Ҷ ||8748 ||0,006 ||0,044

|27 ||Й ||8447 ||0,006 ||0,043

|28 ||Ӣ ||7874 ||0,005 ||0,041

|29 ||Я ||6870 ||0,005 ||0,037

|30 ||Ё ||6454 ||0,004 ||0,035

|31 ||Қ ||4650 ||0,003 ||0,027

|32 ||Ғ ||2734 ||0,002 ||0,017

|33 ||Э ||1503 ||0,001 ||0,010

|34 ||Ъ ||1488 ||0,001 ||0,010

|35 ||Ж ||867 ||0,001 ||0,006

|36 ||Ю ||574 ||0,000 ||0,004

| ||Ҷамъ ||1450290 ||1 ||4,25

== Нигаред низ ==
* [[Хат]]
* [[Алифбои тоҷикӣ]]
* [[Забони тоҷикӣ]]
== Манбаъ ==

[[Гурӯҳ:Забони тоҷикӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳарф"