Ҳисор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ZéroBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: ko:히소르
х Оғози саҳфаи нав
Сатри 1:
{| border="0" cellpadding="2" cellspacing="1" style="float:right; empty-cells:show; margin-right:0em; margin-left:1em; margin-bottom:0.5em; background:#e3e3e3;"
{{Шаҳрҳои Тоҷикистон
|Номи! тоҷикӣcolspan="2" bgcolor="#FF0000" | Ҳисор
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Акс=
| colspan="2" align="center" bgcolor="#FFFFFF" | [[Акс:Hisor-Tajikistan1.jpg|150px|Қалъаи Ҳисор]]
|Герб города= |
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Вилоят=Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
|-bgcolor="#FFFFFF"|Ҳисор]]
|Асос гузошташудааст= |
|-
|Шаҳр=Ҳисор
!colspan="2" bgcolor="#008000" | Донистаниҳо
|Иқлим=мӯътадил
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Масоҳат=??
|[[Кишвар]] : || [[Акс:Tajikistan-coat-of-arms.jpg|20px]] [[Тоҷикистон]] [[Акс:Flag of Tajikistan.svg|30px]]
|Тӯлкаши=??
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Дарози=?
|[[Вилоятҳои Тоҷикистон|Вилоят]] : || [[Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ]]
|Аҳолӣ=??
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Коди телефонӣ=??
|Замони таъсис : || садаи VI
|Нишонаи почта=
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Вақт=[[UTC]] +5
|Шаҳрак аз : || соли [[1993]]
|Координатаҳо= ?? с.ш.; ?? в.д.
|-bgcolor="#FFFFFF"
}}
|Номҳои пешин : || [[Шумон]], [[Ҳисори Шодмон]], [[Ҳисор]]
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Раиси шаҳр: ||
|-bgcolor="#FFFFFF"
|-
!colspan="2" bgcolor="BBDDFF" | Ҷуғрофиёи табиъӣ
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Координатаҳо= ??: с|| 38°31′35″ а.ш.; ??68°32′17″ вт.дш.
|-bgcolor="#FFFFFF"
|[[Масоҳат|Паҳноварӣ]] : || 9,6 км²
|-
|-bgcolor="#FFFFFF"
| [[Ноҳияҳои Тоҷикистон|Шумораи ноҳияҳо]] : || 4
|-bgcolor="#FFFFFF"
| [[Ҷамоат|Шумораи ҷамоатҳо]] : ||
|-bgcolor="#FFFFFF"
|-
!colspan="2" bgcolor="BBDDFF" | Мардум
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Аҳолӣ ([[2002]]) : || 22 961 кас
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Зичии аҳолӣ ([[2002]]) : || 5,305 кас/км²
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Забони расмӣ : || [[тоҷикӣ]]
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Забонҳои гуфторӣ : || [[тоҷикӣ]], узбакӣ, русӣ
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Мазҳаб : || ҳанафӣ, масеҳӣ
|-bgcolor="#FFFFFF"
|-
!colspan="2" bgcolor="BBDDFF" | Нишониҳо
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Сарвожа : || DB
|-bgcolor="#FFFFFF"
|[[ISO 3166|ISO]]-намоя : || TJ-DB
|-bgcolor="#FFFFFF"
|[[Коди телефонӣ=??|Пешшумора]] : || +992 3139
|-bgcolor="#FFFFFF"
|[[Нишонаи почта|Нишонии почта]] : || 734000
|-bgcolor="#FFFFFF"
|[[Замон]] : || [[UTC]]+5
|-bgcolor="#FFFFFF"
|[[Вебгоҳ]] : || http://www.dushanbe.tj
|-bgcolor="#FFFFFF"
|Шумораи мошинҳо : || 01РТ
}|}
 
 
'''Ҳисор''' ({{lang-fa|'''حصار'''}}) - шаҳраке дар [[Тоҷикистон]] ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст.
 
Ин шаҳр дар садаҳои миёна [[Шумон]] (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва торихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст. Дар “Ҳудуд-ул-олам” омада: “Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр”<ref>“Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб” (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Китобхонаи Таҳурӣ. “Ширкати офсети Гулшан”. Теҳрон. 1983. – саҳ. 110</ref>.
 
Шумон дар қисмати болооби рӯди [[Қубодиён]] ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри [[Файзобод|Вошҷирд (Вашгирд)]]) воқеъ буд ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар “Аҳсан ал-тақосим” гӯяд: “Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст”. Шарафуддин Алии Яздӣ дар “Зафарномаи Темурӣ” аз ин қалъа ба номи Ҳисори Шодмон (حصار شادمان) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар Ҳисор (حصار) ё Ҳисорак (حصارک) навишта ва имрӯз ҳам Ҳисор маъруф аст<ref>''ЛеСтренж Ги.'' Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ. Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. Теҳрон. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468</ref>.
 
Шоёни ёдоварист ки вожаи “ҳисор” арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст ки дар садаҳои XV – XVII м. “ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос - Ҳисор – гашт. Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
 
== Пайнавиштҳо ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳисор"