Искандар Хатлонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 66:
Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Искандарро аз беҳтарин шоирони даҳаи 1980 бад-ин сӯ дар адабиёти порсиву тоҷикӣ хонда ва ӯро гӯяндаи шеъри асили сафед дар адабиёти тоҷик шумурдааст. Ба гуфтаи вай, «Искандар ... аз беҳтарин шоирони навора ва равшанфикр буд. Шеъраш бисёр шеъри равшан аст ва ҳам нафис. Масалан:
 
::: Маҳтоб дар лаби бом,
::: Як коса шири гарм аст.
::: Овози модари ман,
::: Чу бӯи шир нарм аст.
 
Ин мисраъҳо хеле шоирона ва нафис гуфта шудаанд. Аввалин шеъри асили сафедро, ки шеъри озод мегӯянд, Искандар гуфт. Шоири навпардоз, навгиро буд. Албатта ғазал ва дигар абёти шеърӣ дорад, аммо талош мекард, то шеъри сафед гӯяд. Дар такя ба шеъри Нимоӣ ё шеъре, ки Сӯҳроби Сипеҳрӣ гуфтааст, эҷод кардааст ва он замоне, ки Искандар чунин шеърҳо мегуфт, мардум дар Тоҷикистон, дар назар дорам муҳити адабиро, ба пазируфтани ин навъи шеърӣ омода набуданд»<ref name="Озодӣ"/>.
Сатри 77:
Абуғаффори Камол, як тан аз хабарнигорони тоҷик, Искандари Хатлониро мояи ибрат ва намуна барои фаъолияти хабарнигории сатҳи байнулмилалӣ медонад. Вай мегӯяд, «Искандари Хатлонӣ бо ҳамон садои бисёр шево ва ҷаззобаш, ҷумлаҳои бисёр фасеҳ ва рехтааш ва бо он баёни дилнишин ва рехтааш, ҳамеша саъй мекард, зимни ин ки хабару рӯйдодҳои Тоҷикистон ё вобаста ба ин кишварро мунъакис кунад, ҳамчунин ман метавонам бигӯям, ҳамеша аз як таассуби ҷиддӣ, ба маънии мусбаташ, барои миллату мардуми тоҷик бархӯрдор буд. Ба хусус гузоришу таҳлилҳояш дар бораи музокироти сулҳи миёни тоҷикон ба шунаванда умедворӣ ба сулҳро медод»<ref name="Озодӣ"/>.
 
== ПайнавиштҳоЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
 
== МанобеъСарчашма ==
* [https://aioubzod.wordpress.com/2010/09/21/ Торнигори Салим Аюбзод]
* [http://www.ozodi.tj/content/article/1849256.html?page=2#relatedInfoContainer Зодрӯзи шодравон Искандари Хатлонӣ]