Аёз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Ходими давлатӣ |мухотаб = |ном = Аёз |номи аслӣ = |тасвир = |бар...
(бе тафовут)

Нусха 05:47, 19 октябри 2017

Аёз, Аёс, Оёз (? - 1058) — ғуломи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба василаи садоқати фавқулодаи худ ба хоҷааш ва ақли расояш то ба мансаби вазирӣ расид. Дар замони ҳукмрон Масъуд – писари Маҳмуд Аёз вилоятҳои Қаздор ва Моконро идора менамуд. Аёз ба тимсоли бадеӣ табдил ёфта, дар адабиёти Шарқ, хусусан адабиёти форс-тоҷик, аз ҷузъиёти ҳаёти ӯ нақлу ривоятҳои бисёр ба вуҷуд омадаанд. Масалан, дар «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор исми Аёз борҳо вомехӯрад ва ҳикоёту латифа дар борааш оварда шудаанд. Ба симои Аёз асосан адибони орифи адабиёти шарқ Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон таваҷҷӯҳ намуда, аз он барои аҳдофи ирфониву суфиёнаашон истифода кардаанд:

Аёз
вазир
Таваллуд
Даргузашт 1058
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор
Гар ту марди толибиву ҳақшинос,
Бандагӣ кардан биёмӯз аз Аёс.

Аттор.

Ҳусн буд он ки дар либоси Аёз,
Хонд Маҳмудро ба кӯйи ниёз.

Ҷомӣ.

Хештанро ту раҳо кун чун Аёс,
То зи шоҳ бинӣ ту лутфи беқиёс!

Румӣ.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.