Александри́т — яке аз намудҳои минерали хризоберилл, формулаи химиявиаш BeAl2O4, рангаш дар рӯзи равшан сабзи зумуррадӣ, дар рӯшноии сунъӣ – сурхи бунафшатоб, сахтиаш 8,5, зичиаш қариб 3700 кг/м³. Дар конҳои пегматикӣ ҳамроҳи берилл, фенакит, рутил, флюорит, апатит ва минералҳои дигар вомехӯрад. Александрит санги гаронбаҳои дараҷаи 1-ум мебошад. Ба ифтихори подшоҳи Русия Александри II номгузорӣ шудааст. Конҳои александрит дар Русия, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Мадагаскар ва Шри Ланка мавҷуданд.

Александрит

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш