Мадагаскар
Мадагаскар — кишвар — ҷазираест дар уқёнуси Ҳинд, дар наздикии соҳили шарқии Африқо.
![]() |
![]() |
![]() | |
Шиор: «Tanindrazana, Fahafahana, Fandrosoana (Ватан, Озодӣ, Тараққиёт)» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Мадагаскар|Ry Tanindraza nay malala ô | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Фаронса) |
Забони расмӣ | Малагасӣ, Фаронсавӣ |
Пойтахт | Антананариву |
Шаҳри калонтарин | Антананариву |
Идораи давлат | ҷумҳурии президентӣ |
президент | Андри Радзуэлина |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
45-ум ҷой дар ҷaҳон 587041 км² 7.0 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2005) • Зичӣ |
57-ум ҷой дар ҷaҳон 18400000 31.3 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2005) • Ба сари аҳолӣ |
118-ум ҷой дар ҷaҳон 1,582 млн. $ 900 $ |
Пули миллӣ | Ариари МГА |
Интернет-Домен | .mg |
Коди телефон | +261 |
Соат | UTC +3 соат |
Ҷазираи Мадагаскар аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекунад. Олами ҳайвонот ва олами набототи он хеле ғанӣ буда, дар ин ҷо 5 % аз миқдори умумии ҳайвоноту набототи Замин мавҷуданд, ки 80 % танҳо дар ҳудуди Мадагаскар во мехӯранд. Дар байни онҳо лемур аз ҳама машҳур аст. Мадагаскар ва Мавритания кишварҳое мебошанд, системаи даҳии арзҳои миллиро истифода намебаранд.
Ҷумҳурии Мадагаскар — кишварест дар соҳили шарқии Африқо дар ҷазираи Мадагаскар. Масоҳаташ — 587 ҳазор км. кв., аҳолӣ — 18.4 млн нафар.(соли 2005 , аз рӯи баҳододи СММ).Пойтахташ — шаҳри Антананариву.
РелефВироиш
Қисми марказии ҷазираро платои Баланд (Имерина) ишғол кардааст, ки он мунтазам ба тарафи ғарб паст шуда, аз ҳамвориҳои соҳилҳои шарқӣ ҷудо аст. Қуллаи баландтарин -вулқони хомӯши Марумукутру (2876 м аз сатҳи баҳр) — дар қисми шимоли кишвар ҷойгир аст.
Обҳои дарунаВироиш
Дарёҳои Мадагаскар кӯтоҳ ва обшорадор аз захираҳои обӣ бой мебошанд. Дарёҳои қисми шарқии кишвар тамоми сол об доранд. Дарёҳои муҳимтарини кишвар — Суфиа, Мангуки, Бетсибука, Вухитра. Кӯли калонтарин — Алаотра — дар шимолу шарқ ҷойгир аст.
АҳолӣВироиш
Забонӣои расмӣ — малагасӣ ва фаронсавӣ. Халқҳои дар ҳудуди кишвар иқоматдошта — мерина, бетсилеу, бетсимисарака, сакалава, антандруи — ба нажоди омехтаи муғулу зангӣ, ки дар натиҷаи омехташавии муҳоҷирон аз архипелаги Малай ва соҳили шарқии Африқо пайдо шудаанд, мансубанд.
Кишвар аз музофотҳои маъмурии зерин иборат аст: Тулиара, Фианарансуа, Туамасина, Махадзанга, Ансеранана ва Антананариву. Номи ҳамаи музофотҳо бо номи марказҳояшон мувофиқат мекунад.