Анҷи́р, ё тин (лот. Fícus cárica) — як навъ бутта ё дарахти хазонрези субтропикист.

Анҷир
Барг ва меваи анҷир (Тунис)
Барг ва меваи анҷир (Тунис)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ficus carica L., 1753
Мутародифот
Вазъияти ҳифз

Тавсифоти гиёҳшиносӣ вироиш

Дарахташ сершохубарг, 5 — 7 (баъзан 10) метр қад мекашад. Пӯстлохаш хокистарранг, баргаш 3 — 7-парра, думчадароз, канораҳояш дандонадор, рӯяш сабзи сиёҳтоб, пушташ сабзи кушод. Баргу навдаҳои анҷир шираи сафед ҷудо мекунанд. Гулаш ба тавассути ҳашарот — бластофага (Blastophaga psenes) гардолуд мешавад. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бластофага ба сармои зимистон тоб намеорад (бинобар ин анҷир бидуни гардолудшавӣ ғӯра мебандад). Мевааш тухммонанд, мурӯдшакл, лӯнда ё кулчамонанд; рангаш зард, сабз, бунафш (вазнаш 32 — 77 г, қутраш 2 — 3,5 см, баъзан 4,5 см); дар навдаҳои навруста ё порсола асосан дар бехи барг ҳосил мешавад.

Густариш вироиш

Анҷири худрӯй аз ҷазираҳои Канар ва Африқои Шимолӣ то Ҳиндустони Шимол Ғарбӣ, Афғонистон, кишварҳои соҳили Баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Балкан, Шарқи Наздик ва Миёна, Закавказия, Қрим, Осиёи Марказӣ дучор меояд. Анҷирзори худрӯй дар Тоҷикистон асосан дар ҷойҳои шамолпаноҳи қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазратишоҳ (водии дарёи Панҷ), Қаротоғу Сарсарак (водии дарёи Вахш), нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ғозималик, Рангон ва Сурхоб боқӣ мондааст.

Парвариш вироиш

Дар Тоҷикистон анҷир аз замонҳои қадим парвариш карда мешавад. Он дарахти равшанипарвар ва гармидӯст аст. Ба шӯрхок ва беобӣ тоб намеорад. Дар хунукии 12 — 14°С навдаҳои яксола ва дар 16 −20°С дарахти анҷирро пурра сармо мезанад. Дар ҷойҳои кушод анҷирро зимистон хокпӯш мекунанд. Дар Стансияи таҷрибавии зироати субтропикии ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ навъи анҷири қадпаст рӯёнда шудааст, ки серҳосил ва барои хокпӯш кардан мувофиқ мебошад. Анҷирро дар заминҳои обии хокашон ҳосилхези хокистарранг ва дорчинӣ мешинонанд. Ниҳолашро аз рӯи тартиби 4 Х 5 м (ба ҳар га 500 ниҳол) шинондан лозим; вобаста ба навъи хок, обмонӣ ва парвариш тартиби шинондани ниҳолҳоро тағйир додан мумкин аст. Анҷирро аз қаламчаи навдаҳои яксола зиёд мекунанд. Дар тӯли нашв хоки байни раддаҳои анҷирзорро тирамоҳу баҳор шудгор карда, ба ҳар га то 120 кг нитроген, 90 кг фосфор ва 45 кг калий меандозанд, 4 — 6 маротиба об мемонанд. Дар ҷумҳурӣ бештар навъҳои серҳосил ва сармобардори «Вахш», «Грин-иския», «Кадота», «Далмати» ва «Асалӣ» парвариш карда мешаванд. Анҷир соли 2 — 3-юми шинондан самар меорад. Аз ҳар га анҷирзор дар заминҳои обӣ то 100—120 сентнер, дар заминҳои лалмӣ 70 — 75 сентнер ҳосил мегиранд (то 50 — 70 сол ҳосил медиҳад). Ҳосили анҷирро соле ду маротиба меғундоранд. Ҳосили якум (анҷири хокӣ) нисбатан кам буда, июн — июл, ҳосили дуюм (анҷири токӣ), ки ҳосили асосӣ аст, август — октябр мепазад. Аз сабаби нобаробар пухтан, ҳосили анҷирро 12 — 15, баъзан то 18 маротиба меғундоранд. Анҷирро тар мехӯранд, мехушконанд, аз он мураббо, консерв, полуда (ҷем), қаҳваи сунъӣ ва ғайра тайёр мекунанд. Анҷири тару тоза пас аз 4 — 5 соат турш мешавад, аз ин рӯ онро ба ҷойҳои дур кашондан номатлуб аст. Аз 100 кг меваи тару тоза 30 — 35 кг анҷирқоқ гирифтан мумкин. Анҷирқоқ хеле серғизост.

Таркиб вироиш

Анҷири тар 12 — 18 % ва анҷири хушк 55 — 70 % қанд, инчунин сафеда (6 %), оҳар (3 %), пектин (5,4 %), витаминҳои A, B1, В2, С, намакҳои органикӣ, оҳан, фосфор (263 мг%), калий (1161 мг%), калсий, мис ва магний (117 мг%) дорад.

Хосияти шифоӣ вироиш

Шифобахшии анҷир ба таркиби химиявиаш вобаста аст. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои зиқи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, тапиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда, сипурз ва ғайраро муолиҷа мекарданд. Абуалии Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Анҷири дар шир ҷӯшонда сурфаи хушк ва илтиҳоби роҳи овозро рафъ месозад. Ҷӯшоби баргҳои наврустаи анҷир давои хуби киҷҷарон аст. Тухми анҷир исҳоловар мебошад. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «Беҳтарини анҷир ширини шодоби он аст, ки хоҳ сафед бошад ва хоҳ сиёҳ. Сафеди он ҷиҳати хӯрдан ва сиёҳи он ҷиҳати даво беҳтар аст… Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом талъини батн намояд, шикамро мулоим гардонад». Дар саноати тиб аз шираи барг, навдаҳои таррак ва меваи анҷир барои табобати лейкодермия доруи «фуролен» тайёр мекунанд. Дар барги анҷир псорален ва бергаптен ёфт шудааст, ки онро барои мулоҷиаи касалии барас (песӣ), дилу paгҳо ва омоси саратонофар истифода мебаранд. Аз шираи анҷир ҳамчунин ферменти фитсин мегиранд, ки дар муолиҷаи тромбоз ва дар саноати гӯшт ба кор меравад. Одамони гирифтори ғалаёни хун ва амрози дил беҳтар аст анҷири хушкро истеъмол намоянд. Истеъмоли анҷир барои ашхоси гирифтори касалии қанд, фарбеҳӣ, захми меъда, гастрит, илтиҳоби шадиди роҳи меъдаю рӯда зиён дорад. Анҷири худрӯй чун дарахти нодир, пурқимат ва қадима ба «Китоби сурх» дохил карда шудааст.

Адабиёт вироиш

  • Запрягаева В. И., Дикорастущие плодовые Таджикистана, М. Л., 1964;
  • Розанов Б. С., Плодовотство Таджикистана, Д., 1970;
  • Арендт Н. К., Сорта инжира, Тр. Ник. бот. сада, т. 56, 1972;
  • Петрова Е. Ф., Инжир в Средней Азии, Ашхабад, 1984;
  • Загребальный И. А., Перспективы размещения субтропических культур на адирных землях Бабачусая, маҷ. «Сельское хозяйство Таджикистана», 1984; № 8;
  • Загребальный И. А., Типизация земель в Южном Таджикистане для субтропического плодоводства, маҷ. «Сельское хозяйство Таджикистана», 1984, № 4;
  • Гулов С. М., Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон, Д., 2008.

Сарчашма вироиш