Мусамир Гулаҳмадов

Мусамир Гулаҳмадов (зод. 25 августи 1936, деҳаи Тутак, ноҳияи Ховалинг) — сиёсатшинос, доктори илмҳои фалсафа (1995), профессор (1997), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001), Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии маорифи ИҶШС (1981).

Мусамир Гулаҳмадов
Таърихи таваллуд 25 август 1936(1936-08-25) (87 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Муаллими синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи ба номи Сергей Лазои ноҳияи Восеъ (1956-57), таҳсил дар мактаби сесолаи тайёркунандаи коркунони муассисаҳои маданӣ-маърифатии Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1957-59), нозири Кумитаи комсомоли ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ; 1959-61). Таҳсил дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1961-66), аспиранти кафедраи фалсафаи Институти мазкур (1966-69). Аз соли 1969 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи коммунизми илмӣ (сипас кафедраи сиёсатшиносӣ), аз соли 1996 профессори кафедраи сиёсатшиносӣ; мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи Айнӣ (1997—2008 ва аз соли 2012).

Фаъолияти илмии Мусамир Гулаҳмадов ба татбиқи масъалаҳои ҳаёти маънавии ҷомеа бахшида шудааст. Муаллифи 6 рисола, 9 китоб ва беш аз 100 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 25 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Мусамир Гулаҳмадов дар конференсияҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои инкишофи муносибатҳои миллӣ дар ҷаҳони муосир, хусусиятҳои ҷаҳонбинии халқи тоҷик, анъана ва фарҳанги миллӣ, хусусиятҳои ташаккули расму ойин ва анъанаҳои халқи тоҷик маърӯза кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор вироиш

  • Заминаҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ. Д., 1992;
  • Равандҳои миллӣ ва сиёсии истиқлоли миллӣ. Д., 2001;
  • Низоъшиносӣ. Д., 2004;
  • Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлати нави тоҷикон. Д., 2013;
  • Формирование научного мировоззрения трудящихся. Д., 1971;
  • Роль и значение научного мировоззрения в формировании нового человека. Д., 1989;
  • Основы формирования научного мировоззрения. Д., 1985;
  • Мировоззрение и перестройка. Д., 1990;
  • Продовольственная политика Республики Таджикистан в условиях перехода страны к рыночной экономике. Д., 2008;
  • Особенности формирования патриотизма таджикского народа. Д., 2011;
  • Особенности становления и развития государственного суверенитета таджикского народа. Д., 2011.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш