Хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500)

Соли 2006 дар рафти ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Шанхай (Чин) дар бораи маблағгузории лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон ба миқдори $ 603,5 млн. шартнома ба имзо расид. Яке аз лоихахо сохтмони хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500кВт) , ки дарозии он 350 км аст, дар назар дошта шуда буд.

Хароҷоти умумии лоиҳаҳо - $ 640 млн. Аз ҷумла: $ 603,5 млн. саҳми Ҷумҳурии Халқии Чин, $ 36,5 млн. дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон солҳои 2006-2011 амалӣ шудаанд. Хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» барои интиқоли барқ аз ҷануби Тоҷикистон ба вилояти Суғд сохта шудааст. То ин вақт дар фаслҳои тирамоҳу зимистону баҳор НБО Қайроққум пурра талаботи вилоятро бо нерӯи барк таъмин карда наметавонист. Тоҷикистон барои вилоят нерӯи барқро аз Ӯзбекистон харидорӣ мекард. Ба истифода супорида шудани ЛЕП «Ҷануб – Шимол» имконият дод, ки ба вилояти Суғд нерӯи барқ дар давоми сол интиқол карда шавад.