Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/1
Унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад. Унвон ба шаҳрвандоне, ки барои озодӣ, истиқлолият ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон каҳрамонии ҳарбӣ ва меҳнатӣ намудаанд супорида мешавад. Унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дар қатори дигар Унвонҳои фахрӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 июли соли 2001 № 29 муқарар карда шудааст.
Садриддин Айнӣ (1878 – 1954) - Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.бештар...