Open main menu

Википедиа β

Қаҳрамони Тоҷикистон

Қаҳрамони ТоҷикистонВироиш

 
Ситораи «Қаҳрамони Тоҷикистон»

 

Унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад. Унвон ба шаҳрвандоне, ки барои озодӣ, истиқлолият ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон каҳрамонии ҳарбӣ ва меҳнатӣ намудаанд супорида мешавад. Унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дар қатори дигар Унвонҳои фахрӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 июли соли 2001 № 29 муқарар карда шудааст.[1]

Ҷоизадорони унвони Қаҳрамони ТоҷикистонВироиш

  Садриддин Айнӣ (1878—1954) — Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Нусратулло Махсум Лутфуллоев (1881—1938) — Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924—1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, cолҳои 1926—1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Шириншоҳ Шоҳтемур (1899—1937) — Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929—1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, cолҳои 1933—1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Бобоҷон Ғафуров (1909—1977) — Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944—1946 котиби дуюм, cолҳои 1946—1956 котиби якӯми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, cолҳои 1956—1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Мирзо Турсунзода (1911—1977) — Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», (1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, такроран солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст. Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[2]

ЭзоҳВироиш

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010,с.14