Давлати Сомониён (819999) - аввалин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон. Ҳукмронии сулолаи Сомониён солҳои 819-999 дар бар мегирад.

«

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Рӯдакӣ
»

Асосгузори сулола - Сомонхудот мебошад, ки аз соли 819 наберагонаш Нӯҳ, Аҳмад, Ёқуб ва Илёс дар вилоятҳои Мовароуннаҳр ҳукмрон мешаванд. Номи давлат аз номи сулолаи ҳоким - Сомониён гирифта шудааст. То соли 892 амирони Сомониён зери итоати Хилофати Араб қарор доштанд. Асосгузори давлати соҳибистиклоли тоҷикон Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ мебошад. Исмоил аз итоати арабҳо баромада соли 900 баъд аз мағлубияти Амр ибни Лайси Саффорӣ кишвари Хуросонро ба Мовароуннаҳр муттаҳид намудааст. Заминҳои таърихии ориёнажод ба як давлати муттамарказонидашуда муттаҳид шуданд. Давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ(892-907) ва амир Насри II (914-941) айёми гулгулшукуфии давлати Сомониён ба ҳисоб меравад.(бештар...)