Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/24
Мирсаид Миршакар — шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964). Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Мирсаид Миршакар 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқони чорводор таваллуд ёфтааст. Дар мактаби миёнаи қишлоқи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таълим гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Дар сохтмони Вахш иштирок намудааст, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Ба сохтмони Вахш достони «Байрақи озодӣ»-и ӯ бахшида шудааст.(бештар...)