Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/3
Тоҷикистон (порсӣ: تاجیکستان , хати ниёгон: تاجیکستان) — кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (порсӣ: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.
Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.
Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.
Паҳноварии ин кишвар 142 600 км² аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2016 дар Тоҷикистон 8 551 200 нафар тан бошанда буд. Дар маҳалҳои шаҳрӣ 2 260 300 нафар ва маҳалҳои деҳотӣ 6 290 900 нафар сокинон истиқомат мекарданд. 93 фисади Тоҷикистонро куҳҳо ташкил намуда, ҳамаги 7 фисади он ҳамворӣ мебошад.(бештар...)