Вилояти Бағлон

Бағлóн (дарӣ: بغلان Baġlān, паштуӣ: بغلان‎) — вилоят дар шимолу шарқии Афғонистон, дар сари роҳи автомобилгарди Кобул – Хонобод. Маркази маъмуриаш Пули Хумрӣ.

Вилояти Бағлон

38°00′00″ а. шим. 68°00′00″ т. ш.HGЯO

Кишвар

Афғонистон

Маркази маъмурӣ

Пули Хумрӣ

Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 21,118 км²
Баландӣ

2,013 м

Вақти минтақавӣ

UTC+04:30[d]

Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 910,800 наф. (2015)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2

AF-BAM

Вилояти Бағлон дар харита

Commons-logo.svg Садо, тасвир ва видео дар Викианбор

ҶуғрофиёВироиш

Дар ғарб бо вилояти Самангон, дар шимол бо Қундуз, дар шимолу шарқ бо Тахор, дар ҷанубу шарқ бо Панҷшер, дар ҷанубу ғарб бо Бомиён, дар ҷануб бо Парвон ҳамсарҳад аст. Бағлон дар наздикии соҳили дарёи Қундуз дар баландии 500 м аз с. б. ҷой гирифтааст.

ТаърихВироиш

Бағлон дар асарҳои қадимии ҷуғрофӣ бо номи Бекбонул ва Бағулоғу ҳам ёд шудааст. Мутобиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ  Бағлон дар аҳди Кушониён бунёд гардидааст. Номи ин шаҳр дар китобе ба забони бохтарӣ ва хатти юнонӣ, ки аз харобаҳои маъбади Сурхкӯтал (маъруф ба Кофирқалъа) пайдо шуда буд, ёд мешавад. Мутобиқи иттилои маъхазҳои таърихии асримиёнагӣ Бағлон аз шаҳрҳои Тахористон дар навоҳии Балх ба шумор мерафт.

Вилояти Бағлон соли 1964 дар натиҷаи тақсимоти собиқ вилояти Қатаған ба вуҷуд омадааст. Аз августи 1998 то 2001 вилоят зери итоати Толибон қарор дошт.

АҳолӣВироиш

Аҳолиаш 745 ҳазор нафар (2011). Дар вилоят ҳазораҳо (15%), тоҷикон (55%), пуштунҳо (20%), ӯзбакҳо (9%) ва дигар миллатҳо зиндагонӣ мекунанд.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш



Вилоятҳои Афғонистон  

БағлонБадахшонБалхБодғисБомиёнВардакҒазниҒӯрДойкундӣЗобулКобулКописоКундузКунарҚандаҳорЛағмонЛӯгарНангарҳорНимрӯзНуристонПактикоПактиёПанҷшерПарвонСамангонСарипулТахорУрӯзгонФароҳФориёбХустҲелмандҲиротҶӯзҷон