Паштунҳо

(Тағйири масир аз Пуштунҳо)

Афғóнҳо (форсӣ: افغان‎), паштунҳо, пуштунҳо, пухтунҳо; (پښتنه) — халқ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва қисми шимолии ғарбии Покистон. Ҳамчунин дар Эрон ва Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд. Афғонҳо гуруҳҳои этникии гуногун доранд: афридӣ, вазирӣ, ғилзуйӣ, дурронӣ, мумандӣ, хаттакӣ, шинварӣ, юсуфзайӣ ва амсоли инҳо. Ба лаҳҷаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу шарқии забони пашту ва лаҳҷаи дарии забони форсӣ такаллум мекунанд. Бо алифбо — хатти арабӣ менависанд. Шумораи умумиашон дар ибтидои садаи X00 тақрибан 1500 нафар, аз ҷумла дар Афғонистон наздики 2, Покистон 100 Эрон бештар аз 3 млн ва дар Ҳиндустон 8 ҳазор нафар зиндагӣ доранд.


Пуштун аз Покистони Шимолӣ
Афғон. Мусаввараи рассоми рус В. В. Верешагин, 1868

Эътиқодмандон мусулмонони аҳли суннату ҷамоатанд, қисми кам ба мазҳаби шиъа гаравидаанд. Этногенези Афғонҳо дақиқан таҳқиқ нашудааст, вале ба эҳтимоли қавӣ дар он тоҷикон, ҳиндуҳо ва унсурҳои туркӣ ширкат доштаанд. Ватани аслиашон куҳдоманҳои Сулаймон, Ғазнӣ — Қандаҳор ва Кветта — Пишин мебошад.

Решашиносӣ ва таърихВироиш

Истилоҳи «афғон» бори нахуст дар маъхазҳои таърихии аҳои 6-7 мелодӣ ёд мешавад. Тибқи ривоёт чор иттиҳоди қабилавии Афғонҳо вуҷуд доштаанд, ки бо номи асосгузорони ин қабоил маъруфанд: батанҳо, гаргуштҳо, карларнҳо ва сарбонҳо. Шумораи умумии қабоили Афғонҳо ба 400 адад мерасад. Аз оғози садаи XVI ба баъд Афғонҳо соҳиби давлатдории хеш (ҳокимияти қабилавӣ) мегарданд (Ахора, Ғилзуйӣ, Абдолӣ, Дурронӣ ва ғайра)

Британияи Кабир борҳо кӯшид, ки Афғонистонро ба худ тобеъ кунад (1838-42, 1878—1880, 1919), вале ин мардумон дар натиҷаи муқовиматҳои шадид тавонистанд, ки дар иттиҳод бо мардумони дигар, аз ҷумла тоҷикон истиқлоли давлатию миллии аҳли мамлакаташонро ҳифз намоянд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 70 асрҳои 20 ба муҳоҷирати сершумори Афғонҳо ба Покистону Эрон мусоидат намуд. Асоси хоҷагидории Афғонҳо деҳқонӣ (ғалла, лӯбиёиҳо, сабзавот, пахта), боғдорӣ ва чорвопарварӣ (гӯсфанд, буз, зебу, говмеш, шутур, асп) мебошад. Афғонҳо аслан мардуми бадавиянд — баҳорон бо галлаҳояшон ба кӯҳҳо рафта, тирамоҳ ба бошишгоҳҳои зимистонӣ бармегарданд. Ҳамчунин ба шикор, оҳангарӣ, наҷҷорӣ, даббоғӣ, қолибофӣ ва заргарӣ машғуланд. Дар афғонҳо ҳанӯз ҳам аломатҳои сулолавӣ — авлод, хайл, қавм, ки аз тарафи доҳии (хон) қабила ва ҷирга (шӯрои обрӯмандон) сарварӣ мешаванд, мавҷуд мебошанд. Оилаҳо падаршоҳӣ буда, аксаран бо хешу табори наздик (бо фарзандони хола, амак ва амма) издивоҷ мекунанд. Афғонҳои муқимӣ дар хонаҳои хиштию похсагӣ ва афғонҳои бодиянишин дар хаймаҳо зиндагӣ доранд.

 
Харитаи сукунати пуштунҳо (бо ранги сабз) дар Афғонистон ва Покистон дар соли 1980

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  1. Массон В. М. и Ромодин В. А. История Афганистана. М., 1965;
  2. Ромодин В. А.Генеалогическая структура основных групп афганских (пуштунских) племен и расселение в XVI–XVII вв. М., 1980;
  3. Афганистан: Справочник. М., 2000;
  4. Шумеев С., Андреев А. История Афганистана. Киев, 2003;
  5. Ядгаров Ш. Н. Афганистан. Д., 2005.

СарчашмаВироиш