Вилояти Бодғис

(Тағйири масир аз Вилояти Боғдӣс)

Вилояти Бодғис (дарӣ: ولایت بادغیس) — яке аз вилоятҳои Афғонистон, ки дар шимолу ғарби кишвар воқеъ аст.

Вилояти Бодғис
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Qala i Naw[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 20 591 км²
Баландӣ
1 589 м
Вақти минтақавӣ UTC+04:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Коди телефон 41[2]
Вилояти Бодғис дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Аз шимол бо Туркманистон, аз ҷануб ғарб бо вилоя Ҳирот, аз шимолу шарқ бо вилояти Форёб ва аз шимол ба вилояти Ғур ҳаммарз мебошад. Масоҳати вилоят − Бодғис 20591 км² ва аҳолиаш 499393 нафар буда, кулли онҳо тоҷиконанд. Аз лиҳози таркиби қавмӣ дар ин вилоят паштунҳо дар мақоми дувум қарор доранд. Дар вилояти Бодғис ӯзбекҳо, туркманҳо ва балуҷҳо низ умр ба сар мебаранд.

Вожашиносӣ

вироиш

Бодғис вожаи куҳан буда, дар қисмати «Яштҳо»-и Авесто дучор меояд. Дар китоби «Бундаҳиш» ба шакли «Водгис» ва «Водғис» истифода шудааст.

Таърих

вироиш

Дар асрҳои миёна Бодғис аз навоҳии ободи Хуросон ва дорои шаҳрҳое бо номҳои Ҷабалу-л-фарза (Кӯҳи нуқра), Куфо, Куғнобод, Буст, Ҷозҷӣ, Кобрун, Колуван, Деҳистон, Баван, Бомийин ва 300 рустои обод будааст. Дар асрҳои 4-10 Деҳистон аз бузургтарин ва ободтарин шаҳрҳои Бодғис будааст, вале қароргоҳи ҳокими ин минтақаро шаҳри Куғнобод гуфтаанд. Муаррихон ва ҷаҳонгардони маъруфи асримиёнагӣ Ҷосийқонӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Амин Аҳмади Розӣ, Мақдисӣ, Идрисии Тасвирӣ дар бораи Бодғис маълумот додаанд.

Соли 1964 дар заминаи қисматҳое аз вилоятҳои Ҳирот ва Маймана вилояти Бодғиси Афғонистон таъсис ёфт.


Сарчашма

вироиш


Вилоятҳои Афғонистон  

БағлонБадахшонБалхБодғисБомиёнВардакҒазнӣҒӯрДойкундӣЗобулКобулКописоҚундузКунарҚандаҳорЛағмонЛӯгарНангарҳорНимрӯзНуристонПактикоПактиёПанҷшерПарвонСамангонСарипулТахорУрӯзгонФароҳФориёбХустҲелмандҲиротҶӯзҷон

  1. 1.0 1.1 1.2 د هېواد د وګـړو اټکل ۱۳۹٩ // June 2020National Statistics and Information Authority.
  2. https://1-sim.ru/telefonnyie-kodyi-gorodov-afganistana/