Вирҷиния

иёлат дар ИМА

Вирҷиния, Виргиния (англ. Virginia; МФА: Virginia , [vɚˈɪnjə]), номи расмӣ — Муштаракулманофеъи Вирҷиния (англ. Commonwealth of Virginia) — иёлатест дар қисми шарқи ИМА[3]. Дар баландии 1746 м аз с. б. ҷойгир аст. 10-умин иёлат дар ИМА. Аҳолӣ — 8 654 542 нафар (соли 2020; 12-умин дар ИМА), 36% аз он дар калоншаҳри Балтимор–Вашингтон сукунат доранд. Маркази маъмуриаш — шаҳри Ричмонд.

Вирҷиния
англ. Commonwealth of Virginia
Парчам
Парчам
Our Great Virginia[d]
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Ричмунд[d]
Роҳбар Glenn Youngkin[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 25 июн 1788
Масоҳат
  • 110 862 км²
Баландӣ
290 м
Вақти минтақавӣ America/New_York[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 US-VA
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
Вирҷиния дар харита
Вирҷиния дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шаҳрҳои бузургаш: Вирҷиния-Бич, Александрия, Линчберг, Норфолк, Нюпорт-Нюс, Портсмут, Роанок, Ҳэмптон, Чесапик. Аз 95 музофот ва 39 шаҳр иборат аст. Маркази р. о., аэропорти байналмилалии Washington Dulles ва аэропорти миллии ба номи Роналд Рейган дорад. Масоҳаташ 110785 км2. Вирҷиния аз самти шарқӣ бо уқёнуси Атлантик, аз ҷануб бо иёлати Каролинаи Шимолӣ ва Теннеси; аз самти шимолу шарқ бо иёлати Мэриленд ва Колумбия, аз шимолу ғарб бо иёлати Вирҷинияи Ғарбӣ, аз ғарб бо Кентукки ҳамсарҳад аст.

Сохти давлатӣ

вироиш

Мақоми олии қонунгузор — Ассамб- леяи Генералӣ буда, аз палатаи болоӣ — Сенат (40 сенатор аз тариқи овоздиҳии ғайримустақим ба муҳлати 4 сол интихоб мешаванд) ва палатаи поинӣ — Палатаи намояндагони Вирҷиния (100 вакил ба муҳлати 2 сол интихоб гардида, аз байни худ Раиси Палатаи намояндагонро интихоб мекунанд) иборат аст. Ҳокимияти иҷроия аз тарафи Губернатор, Лейтенант-Губернатор ва Прокурори генералии Вирҷиния идора гардида, ба муҳлати 4 сол интихоб карда мешавад. Мақоми олии судӣ — Суди олии Вирҷиния Суди шикоятӣ (апеллятсионӣ)-и Вирҷиния аз судяи калон ва 19 судя иборат аст.

Дар шарқи Вирҷиния нимҷазираи Делмарваро халиҷи Чесапикс аз ҳудуди асосии иёлат ҷудо мекунад. Қисми шарқии ҳудуди Вирҷинияро ботлоқзор ишғол кардааст. Қисми ғарбиаш дар доманаи кӯҳҳои Аппалачи ҷойгир аст. Дарёҳои калонатринаш: Потомак, Раппаханнок, Шенандоа ва Роанок. 60 дарсади ҳудуди Вирҷиния аз ҷангалзор иборат мебошад. Иқлимаш субтропикӣ. Тобистонаш гарм, зимистон муътадил. Саноати хӯрокворӣ, кимиё, мошинсозӣ, чарму пойафзор ва коркарди тамоку дар иқтисодиёти Вирҷиния нақши муҳим мебозанд. Соҳаҳои сайёҳӣ, хидматрасонӣ, коркарди чӯб, истеҳсоли мебел, технологияҳои нав тараққӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар Вирҷиния қароргоҳи ширкати бузурги интернетии Амрико — America Online воқеъ аст. Аз сарватҳои табиӣ ангиштсанг, сангҳои ороишӣ, рег (дар минтақаи к. Аппалачи) захираҳои начандон бузурги наф ту газ мавҷуд аст. Бахши давлатӣ яке аз манбаъҳои даромади аҳолӣ мебошад. Дар Вирҷиния пойгоҳҳои бузурги низомӣ ва ҳарбии баҳрӣ мавҷуданд. Соҳаи кишоварзӣ рушд карда, тамоку, ҷуворӣ, лӯбиё ва себу нок парвариш карда мешаванд. Моҳидорӣ, парандапарварӣ ва чорводорӣ ривоҷ ёфтааст.

Таърих

вироиш

Аҳолии бумии Вирҷиния аз қабилаҳои бодиянишини ҳиндувони чероки, чикахомини, меххерини, монаханҳо, памункҳо иборат буданд. Дар охири асри 16 ҳангоми ба мустамликаи Англия табдил ёфтани Амрикои Шимолӣ ин музофот номи Вирҷиния ро (ба ифтихори шоҳбону — Елизаветаи 1) гирифт. Дар аввали асри 17 дар ин ҷо ширкати Вирҷинияи Лондон таъсис дода шуд, ки пойтахти онвақтаи Вирҷиния — ш. Ҷеймстаун ва дигар бошишгоҳҳои англисҳоро маблағгузорӣ мекард. Соли 1780 дар вақти ҷанги инқилобӣ пойтахт ба ш. Ричмонд кӯчонда шуд. Соли 1788 Вирҷиния 10-умин иёлати ИМА ба ҳисоб мерафт. Баъди ҷанг Вирҷиния яке аз марказҳои сиёсии мамлакат ба шумор мерафт: муаллифони сарқонуни мамлакат, инчунин 8 президент ва дигар сиёсатмадорон дар ин ҷо зода шудаанд. Донишгоҳи политехникӣ ва донишкадаву коллеҷҳо дорад.

  1. 1.0 1.1 http://www.languagepolicy.net/archives/va.htm
  2. 2.0 2.1 2.2 Перепись населения США 2020 года / зери таҳрири Бюрои барӯйхатгирии аҳолии ИМА
  3. Указатель географических названий // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 211. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).

Адабиёт

вироиш


Пайвандҳо

вироиш
  • virginia.gov (ингл.) — вебгоҳи расмии иёлати Вирҷиния