Иёлат
Иёлат (ар. ايالت – ҳукмронӣ, фармонравоӣ), штат (олмонӣ: Staat) — воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ дар баъзе аз кишварҳои федеративӣ, ки мустақилияти муайянро соҳиб мебошанд; як қисми кишвар, ки чанд ноҳия ва вилоятро дар бар мегирад.
Мақоми ҳуқуқии иёлат, ҳаҷм ва сатҳи салоҳияти ҳокимияти иёлатро конститутсияи федератсия муайян мекунад. Ба ғайр аз ин, дар бархе давлатҳо иёлатҳо конститутсияи худро доранд, ки барои тасдиқи он ба мақомоти марказӣ ниёз надоранд. Дар Ҳиндустон аз 25 иёлат танҳо 1-тоаш конститутсия дорад. Иёлатро, маъмулан, губернатор идора мекунад. Шаклҳои таъсиси мақоми роҳбари иёлат (губернатор): интихобӣ (ИМА), таъйинӣ (Ҳиндустон) ва меросӣ (Малайзия). Мақоми қонунгузорӣ, маъмулан, дар иёлат дорои ду палата аст; низоми судии худӣ, маъмулан, қонуни ҷиноятӣ ва гражданӣ дорад. Ҳар иёлат дар палатаи болоии парлумон намояндаи худро дорад, ки шумораи онҳоро қонунгузорӣ муайян мекунад. Шумораи намояндаҳо метавонад ба аҳолии иёлат (мас. Ҳиндустон) вобаста бошад ва ё ҳар иёлат дорои шумораи баробари намояндаҳо дар парлумон (мас. ИМА, Бразилия) аст. Иёлатҳо ҳукумат, шаҳрвандон ва баъзан рамзҳо (нишону дирафш) ва пойтахти худро доранд. Дар баъзе ҳолатҳо иёлат намояндагии худро дар давлатҳои дигар бо иҷозати вазорати корҳои хориҷа ташкил карда метавонад. Чунин намояндагиҳо танҳо вазифаи иқтисодию фарҳангиро иҷро мекунанд.
Давлатҳое, ки дар таркиби худ иёлат доранд: Австралия, Бразилия, ИМА, Ҳиндустон, Малайзия, Мексика ва ғайра. Дар давраи тасдиқи конститутсия дар ИМА 13 иёлат мавҷуд буд, айни замон ин кишвар 50 иёлат дорад. Дар баъзе давлатҳо шабеҳи иёлат музофотҳо (Канада, Аргентина, Покистон), заминҳо (Олмон, Австрия) ва кантонҳо (Швейсария) мавҷуданд. Иёлат давлати мустақил ба шумор намеравад. Дар низоми ҳуқуқии муосир ҳуқуқи баромадан (сетсессия)-и иёлатҳо аз ҳайати иттифоқ эътироф намешавад, танҳо ҳуқуқи худмуайянкунӣ дар дохили иттифоқ эътироф шудааст.
Феҳристи давлатҳое, ки дорои воҳиди маъмурии иёлат мебошанд
вироишДавлат | шумораи иёлотҳо | Қитъа |
---|---|---|
Австралия — Иттифоқи Австралия | 6 | Австралия |
Бразилия — Ҷумҳурии Федеративии Бразилия | 26 | Америка |
Венесуэла — Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла | 23 | Америка |
Ҳиндустон — Ҷумҳурии Ҳиндустон | 28 | Осиё |
Малайзия — Федератсияи Малайзия | 13 | Осиё |
Мексика — Иёлоти Муттаҳидаи Мексика | 31 | Америка |
Микронезия | 4 | Австралия, Уқёнусия |
Нигерия | 36 | Африка |
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико | 50 | Америка |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иёлат / М. Матробов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.