Водии Муҳассар (ар. وادي المحصر‎) — дара ва селроҳаест дар марзи байни Муздалифа ва Мино, ки аз назари ҷумҳури аҳли суннат на аз Муздалифа ба шумор меравад, на аз Мино.

Бар ҳаҷгузорон мустаҳаб аст, ки вақте аз Муздалифа пеш аз баромадани офтоби рӯзи ид ба тарафи Мино ҳаракат мекунанд, суръати худро дар Водии Муҳассар ба андозаи як сангпарто тезтар намоянд, зеро, ба гуфтаи фақеҳон, он ҷойи нузули азоб бар сипоҳи Абраҳа (нигар Асҳоби фил) аст. Ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) вақте ки ба он ҷо расид, суръати шутурашро каме тезонд (Саҳеҳи Муслим, 2941 (1218) – 147). Аз назари мазҳаби ҳанафӣ вуқуфи воҷибӣ вақте дар дохили марзҳои Муздалифа сурат нагирад, дар Водии Муҳассар ва ё Мино дуруст намегардад. Расули Худо (с) мефармояд: «Арафа ҳамааш мавқиф аст ва аз батни Урана дур шавед, Муздалифа ҳамааш мавқиф аст ва аз батни Муҳассар дур шавед!».

Адабиёт

вироиш
  • Боқизода А. Ҳаҷ: таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он. Д., 2013;
  • الموسوعة الفقهية. الجزء الثاني و الاربعون. الكويت، ۲۰۰۴

Сарчашма

вироиш