«Вомиқу Азро» (форсӣ: وامق و عذرا‎) — аз достонҳои ошиқонаи адабиёти форс-тоҷик. То ба имрӯз (2015) бо ин ном беш аз 20 асар маълум аст. Дар таълифоти адабиётшиносони имрӯза номи Азро дар шакли Узро низ дучор меояд.

Пешинаи адабӣ

вироиш

Асли достон юнонӣ буда, воқеаҳои замони Поликрати Самосиро (тақр. соли 535 то м. ба тахт нишастааст) дар бар мегирад. Нусхаҳои паҳлавии ин достон дар замони ҳукмронии Хусрави Анӯшервон (531–579) мавҷуд ва дар истифода будаанд. Дар садаи VIII Саҳл ибни Ҳорун, ки аз пайравони ҳаракати шуубия буд, «Вомиқу Азро»-ро ба забони арабӣ (шояд аз забони паҳлавӣ) баргардондааст. Дар бораи мавҷуд будани нусхаҳои китобии «Вомиқу Азро»-и паҳлавӣ то садаи IX дар «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ишораҳо шудаанд. Дар садаи XI «Вомиқу Азро»-ро Унсурӣ – маликушшуарои дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар вазни мутақориби мусаммани мақсур (ё маҳзуф) ба риштаи назм кашид, ки имрӯз аз он тақр. 600 байт боқӣ мондааст. Аз ин абёт бармеояд, ки Азро духтари подшоҳи Юнон Фулуқурот (Поликрат) буда, воқеаи достон дар яке аз ҷазираҳои Шомус (Samos), ки пойтахти он Кринус (Cronius) аст, мегузарад. Дар ин достон ба ҷуз номи Вомиқ ва Азро номи ҳамаи симоҳои хурду бузурги достон юнонианд. Дар он асосан урфу одатҳои юнониён – парастиши бутҳо, ташаккул ва инкишофи муҷассамасозӣ, шоҳдухтар Азроро тарбия намудани ҳакими донишманд, дар ҷазираҳои дигар зистани симоҳои дигари амалкунандаи достон Ҳару ва Андарус ва ғ. нақл шудаанд. Дар порчаҳои бозмондаи достони «Вомиқу Азро»-и Унсурӣ падари Вомиқ – Макзитус, устоди Азро – Филотус, савдогаре, ки Азроро медуздад, Дамхонивус ном доранд. Номҳои арабӣ барои симоҳои асосии достон эҳтимол дар замони Саҳл ибни Ҳорун пайдо шуда бошанд. Маънои «вомиқ» дӯстдоранда ва «азро» дӯшиза, бокира ва маъшуқа аст. Донишманди покистонӣ Муҳаммад Шафеъ барҳақ навишта, ки дар достони Унсурӣ ин номҳоро гирифтани ошиқу маъшуқи юнонӣ баъди ислом сурат гирифта, дар шакли паҳлавӣ вуҷуд доштани ин номҳо ба ҳеч ваҷҳ мумкин нест. Азро баробари ҳусни расову дилоро доштан ҷанговари моҳир буда, ба муқобили душманони ватанаш беамон аст. «Вомиқу Азро»-ро баъдтар Берунӣ ба забони арабӣ таҳрир карда, Амир Фархорӣ (асри 11) ва Фасеҳии Ҷурҷонӣ (фавт 1049) ба риштаи назм кашидаанд. Мутаассифона, аз ин асарҳо ба ҷуз ном ва чанд байте дигар чизе боқӣ намондааст. Абутоҳири Тартусӣ дар асари мансури худ «Доробнома» асосан мазмуни достони Унсуриро нақл карда, дар мавриди зарурат баъзе байтҳоро иқтибос менамояд. Минбаъд, дар асрҳои 12–15 воқеаҳои «Вомиқу Азро», ки аз фироқу иштиёқ ҳамдигарро гум ва ҷустуҷӯ намуданашон, нокомии онҳо нақл мекунанд, тадриҷан ба қиссаҳои «Лайлию Маҷнун» гузашта, ин достон аз равнақ мемонад ва тадриҷан асли юнонии он фаромӯш мегардад. Дар аввали садаи XV Маҳмуд ибни Усмони Ломеӣ (фавт 1531) достонеро аз форсӣ ба туркӣ тарҷума карда, онро «Вомиқу Азрои Унсурӣ» мехонад. Ҳол он ки достон ба ҷуз ном ба асари Унсурӣ ҳеч умумияте надорад. Дар охири садаи XV «Вомиқу Азро» аз нав вориди адабиёти форс-тоҷик гардид. Вале ин достонҳо ба асли юнонии асар ва достони Унсурӣ алоқа надошта, ҳама аз қиссаву афсонаҳои гуногуни ошиқона танзим ёфтаанду танҳо номи «Вомиқу Азро»-ро гирифтаанд. Достонҳои «Вомиқу Азро»-и Қатилии Бухороӣ, Сулҳӣ, Шуайби Ҷушқонӣ, Замирии Исфаҳонӣ, Сарфии Кашмирӣ, Навъии Хабушонӣ (фавт 1610, бо номи «Сӯзу Гудоз»), Қисматии Астарободӣ, Номӣ, Мирзо Иброҳими Кирмонӣ бо тахаллуси «Заҳир», Ҳусайнии Шерозӣ (фавт 1835) ва ғ. аз ҳамин қабиланд, ки воқеаҳои асарҳояшон дар кишварҳои гуногун мегузаранд. Аз ҷумла, достони «Вомиқу Азро»-и Қатилии Бухороӣ камубеш 5480 байт буда, аз ду нусхаи мавҷуда як нусхаи он дар китобхонаи Музейи Британия ва як нусхаи дигари он дар китобхонаи шоҳзоданишини Ромпури Ҳиндустон нигоҳдорӣ мешавад, ки воқеаҳои он дар кишварҳои арабнишин – Яман, Ҳиҷоз, Бағдод ва Тоиф ҷараён ёфтаанд. Дар достони Қатилӣ Вомиқ писари амири Яман ва Азро духтари шоҳи Ҳиҷоз аст. Сарфӣ аз «Лайлию Маҷнун»-и Ҳотифӣ илҳом гирифтааст. «Вомиқу Азро» дар адабиёти форс-тоҷик таҳрири мансур ҳам дорад, ки намунааш «Вомиқу Азро»-и Иродатхони Возеҳ (фавт 1687) аст. Дар нимаи дуввуми садаи XVIII Мирзоиброҳими Кирмонӣ «Вомиқу Азро»-ро аввал ба назм, баъд ба назму насри омехта эҷод кардааст, ки нусхаҳои зиёде аз он боқӣ мондаанд. Асарҳои мансури «Вомиқу Азро» асосан китобҳои халқие ҳастанд, ки дар меҳмонхонаҳо аҳли суҳбат қироат мекарданд. Дар адабиёти асрҳои 16–19 форс-тоҷик достонҳои «Вомиқу Азро» зиёд бошад ҳам, ба якдигар монанд нестанд ва ҳеч яке аз онҳо дар вазни мутақориб навишта нашудаанд. Аксари ин достонҳо дар вазни «Хусраву Ширин», «Лайлию Маҷнун» эҷод гардида, асарҳои Номӣ ва Ҳусайнӣ дар баҳри рамаланд. Мундариҷаи достону қиссаҳои «Вомиқу Азро» аз ғояҳои ишқи поки инсонӣ, садоқату рафоқат, вафодорӣ, адлу инсоф, дӯстии мардумони гуногунтоифаю мухталифойин, бурдборӣ дар душвориҳо ва ғ. иборат аст. Ба ғайр аз достони Сарфии Кашмирӣ дигар ягон достони «Вомиқу Азро» бо ғояҳои ирфонӣ-тасаввуфӣ алоқаманд нест. Воқеаҳои достони Қатилӣ дар мамолики арабнишин сурат мегиранд, Вомиқи маснавии Ҷушқонӣ писари подшоҳи Сосон асту Азро духтари ҳокими Халлух. Симоҳои қиссаи Навъӣ ҳинду буда, дар асари Заҳир Вомиқ аз хешовандони наздики Билқиси маликаи Сабо ва Азро духтари шоҳи париёни кишвари Ҷобулсост. Зимни ҳикояти Вомиқу Азро дар ин достон қиссаи Сулаймон ва Билқис низ комилан ба назм оварда шудааст. Дар «Вомиқу Азро»-и Ҳусайнӣ қиссаи Салмо ва Суод зимни афсонаи Вомиқ ва Азро омадааст. Достонҳои «Вомиқу Азро» аз ҷиҳати ҳаҷм низ гуногун буда, аз ҳама хурдаш камобеш 500 байт (Навъӣ) ва аз ҳама бузургаш 6600 байт (аз Заҳир) мебошад. Ин достон аз садаи XV сар карда аз адабиёти форс-тоҷик ба адабиёти халқҳои дигари Шарқи исломӣ гузаштааст. Ҳоло чандин тарҷумаи туркӣ, кашмирӣ, пушту, ӯзбекӣ ва урдуи он маъмул аст. Аз «Вомиқу Азро»-ҳои форсии тоҷикӣ матнҳои достонҳои Мирзоиброҳими Кирмонӣ, Навъӣ ва Унсурӣ дар солҳои 1958, 1964 ва 1967 дар Теҳрон мунташир гардидаанд. Дар осори лирикӣ ва эпикии суханварони адабиёти форс-тоҷик, монанди Саноии Ғазнавӣ, Низомии Ганҷавӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Файзии Даканӣ, Бедил ва дигарон номҳои Вомиқу Азро ба ҳайси санъати талмеҳ, барои баёни ҳиссиёту ҳаяҷон ва шӯру шавқи ошиқу маъшуқ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ҳаҷла ҳамон аст, ки Азро-ш баст,
Базм ҳамон аст, ки Вомиқ нишаст.
Низомӣ
Саъдиё, бор кашу ёр фаромӯш макун,
Меҳри Вомиқ ба ҷафо кардани Азро наравад.
Саъдӣ
Дар дили маъшуқ ҷумла ошиқ аст,
Дар дили Азро ҳамеша Вомиқ аст.
Ҷалолуддини Румӣ

Номи яке аз занони Искандари Зулқарнайн низ Азро будааст.

Адабиёт

вироиш
  • Афсаҳзод А. Суннатҳои устувор ва навпардозиҳои эҷодкор. Д., 1989;
  • د هخدا، علی اکبر. لغت نامه. شما رۀ مسلسل، 40. تهران، 1347 هـ. ش؛
  • محمد شفيع. وامق و عذ رای عنصری. تهران1345 ش.ر،

Сарчашма

вироиш
  • Вомиқу Азро / А. Афсаҳзод, А. М. Хуросонӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.