Мавлоно Қатилии Бухороӣ (форсӣ: قتیلی بخارایی‎; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик, муаллифи «Вомиқу Азро».

Қатилии Бухороӣ

Зиндагинома вироиш

Дар зодгоҳаш маълумот гирифта, илмҳои нуҷум, ҳайат ва мусиқиро хуб омухтааст. Девонаш то ҳол ба даст наомадааст. Аз ӯ достони «Вомиқу Азро» (зиёда аз 5 ҳаз. байт) боқист, ки дар китобхонаи Музеи Бритониё таҳти рақами OR 9037 маҳфуз аст. Қатилии Бухороӣ дар ин асар зимни ҳикояти ишқу муҳаббати Вомиқу Азро кушишу мубориза, сабру тоқат, дӯстию ҳамдастӣ, илму дониш, ахлоқи некро сутурда, ноҷавонмардӣ, маккорӣ, бемурувватӣ,золимӣ ва диг. хислатҳои манфурро мазаммат кардааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Қатилӣ / А. Раҳмонов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).