Врангел, Пётр Николаевич
Врангел Пётр Николаевич (15.8.1878 — 25.4.1928, Брюссел) — сарлашкари рус, роҳбари ҳаракати мухолифини ҳокимияти Шӯравӣ дар ҷануби Русия, генерал-лейтенант (1918).
русӣ: Пётръ Николаевичъ Врангель | |
Таваллуд |
15 (27) август 1878[1] |
Даргузашт |
25 апрел 1928[2] (49 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Wrangel family[d] |
Падар | Nikolay Wrangel[d] |
Модар | Mariâ Dmitrievna Vrangelʹ[d] |
Ҳамсар | Olga Wrangel[d] |
Фарзандон | Baron Alexis Wrangel[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Фаъолият | сарлашкар[d] ва White movement[d] |
Эътиқод | масеҳияти православӣ |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | Артиши Русияи подшоҳӣ[d] ва саворанизом[d] |
Рутба | Q4340309?, генерал-лейтенант ва генерал-майор |
Фармондеҳӣ | Volunteer Army[d], Armed Forces of South Russia[d] ва Army of Wrangel[d] |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишкадаи кӯҳии Санкт-Петербург, Академияи Ситоди генералӣ (1910) ва Мактаби афсарони савора (1911), дар ҷанги русу ҷопон (1904—1905) иштирок дошт. Дар Ҷанги якуми ҷаҳон (1914-18) фармондеҳи полки казакҳои савора, бригада, дивизия ва корпуси аскарони савора буд. Аз ҳодисаҳои феврали 1917 хушнуд набуд. Баъди Инқилоби Октябр ба Қрим рафт. Аз сентябри 1918 дар артиши ихтиёриён фармондеҳи дивизия ва баъдан корпуси аскарони савора, аз январи 1919 фармондеҳи артиши ихтиёрии Қувваҳои мусаллаҳи ҷануби Русия. Лашкари Врангел январи 1919 Артиши Сурхро аз Қафқози Шимолӣ ба ақибнишинӣ маҷбур сохта, моҳи июн шаҳри Волгоградро ишғол намуд. Бо сабаби сар задани ихтилоф бо А. И. Деникин (январи 1920) Врангел аз вазифааш сабукдӯш шуда, ба Истанбул рафт. Аз 4.4.1920 бо исрори намояндагони Антанта Врангел сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи ҷануби Русия таъйин шуда, ҳукумати Ҷануби Русияро таъсис дод. Дар охири соли 1920 Артиши сурхи болшевикон Врангелро дар Таврияи Шимолӣ ва Қрим шикаст дод. Врангел ноябри 1920 артиши 80-ҳазорнафараашро аввал ба Туркия, баъд ба Булғория ва Югославия интиқол дод. Соли 1924 Иттифоқи умумиҳарбии русро дар Порис таъсис дод. Соли 1926 ба Белгия кӯчида, 25 апрели 1928 дар шаҳри Брюссел аз бемории сил вафот кард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118643185 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
Адабиёт
вироиш- Паламарчук П. Крестный путь белой армии черного барона.//Родина, № 11, 1994;
- Карпенко В. В., Карпенко С. В. Врангель в Крыму. М., 1995.
Сарчашма
вироиш- Врангел Пётр Николаевич / А. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.