Ноҳияи Зебок
Вулусволии Зебок дар нақшаи Бадахшон
Донистаниҳо
Кишвар : Афғонистон Парчами Афғонистон
Вилоят : Бадахшон
Марказ: Зебок
Замони таъсис :
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1 521 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи Рустоҳо : 62
Мардум
Аҳолӣ (2011) : 26,430 кас
Забони расмӣ : Форсӣ, Пашту
Забонҳои гуфторӣ : Форсӣ, санглечӣ
Мазҳаб : исмоъилӣ
Нишониҳо
Сарвожа : ZE
Код ISO : AF.BDS.ZE
Пешшумора :
Нишонии почта :
Замон : UTC+4:30
Вебгоҳ :
Шумораи худравҳо :

Вулусволии Зебок (форсӣ: ولسوالی زیباک‎) — яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад.

Маркази ин вулусволӣ шаҳри Зебок аст, ки 91 килуметр ҷанубу шарқтар аз Файзобод бар канори рӯди Санглеч ҷой дорад.

Ҷойгоҳ

вироиш

Вулусволии Зебок дар дараи рӯди Санглеч ва риштакӯҳи Ҳиндукуш ҷой дорад. Дар ғарб бо вулусволии Ямгон, дар шимол бо вулусволиҳои Ҷурм, Вардуҷ ва Ишкошим, дар шарқ — бо вулусволии Вахон, дар ҷануб — бо вулусволии Курон ва Мунҷон аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон ҳамсоя ва дар ҷанубу шарқ бо Покистон ҳаммарз аст.

Вулусволии Зебок 1 521 км² масоҳат дорад.

Мардум

вироиш

Мардуми вулусволии Зебок тоҷик ҳастанд. Дар ин вулусволӣ забони расмӣ ва ҳамагонӣ форсӣ ва забони бумӣ санглечӣ аст. Зебокиҳо мусулмон ва дар мазҳаби шиъаи имомии исмоъилӣ ҳастанд.

Таърих

вироиш

Пайнавиштҳо

вироиш