Гавҳарӣ (тахал., номи аслӣ Мирзо Ҳасан Алӣ; с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири нимаи дуюми а. 19 ва ибтидои а. 20.

Гавҳарӣ
Мирзо Ҳасан Алӣ
Зодгоҳ: Эрон
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Гавҳарӣ аслан аз Эрон буда, дар ҷавонӣ бо роҳи тиҷорат озими Бухоро ва сокини он мегардад ва то охир он ҷо зиндагӣ мекунад. Мероси адабии Гавҳарӣ асосан аз ғазалҳои ишқию тасаввуфӣ ва рубоӣ иборат буда, дар девоне фароҳам омадаанд. Шоир ба ҳар як ғазалаш сарлавҳа гузоштааст ва аз ин сарлавҳаҳо дар татаббӯъ ва ҷавобу пайравии кадом классик эҷод шудани ғазалҳои ӯ маълум мегардад. Як қисм ашъори Гавҳарӣ дар баёзу маҷмуаҳои мухталифи китобҳонаҳои Душанбе ва Тошкент маҳфузанд. Аз девони шоир як нусхаи пурра ва як мунтахабе дар захираи дастнависҳои шарқии АУ Тоҷикистон маҳфуз аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш