Гадик — як навъи гӯсфанд, ки дунбаи думмонанд дорад.

Вазнаш 30-36 кг, баландиаш аз 55 (меш) то 60 см (қучқор). Дарозии думи гадик 8-15 см, вазнаш 1,5-5 кг аст. Гадикҳо думдароз ва думкӯтоҳ мешаванд. Ба гадикҳои думкӯтоҳ гӯсфандони бурятӣ ва муғулӣ мансубанд. Гадикҳои думдароз чанд навъ (ростдум, каҷакдум ва ғайра) мешаванд. Гадикҳо хурдҷусса, каммаҳсул ва дуруштпашм буда, ба шароити иқлими номусоид мутобиқ гаштаанд. Дарозии пашмашон 15-17 см; соле аз ҳар сар гӯсфанд 1-1,2 кг пашм метарошанд. Гӯсфандони зоти дарвозӣ, помирӣ ва баъзе гӯсфандони қарокӯлӣ аз ҷумлаи гадик мебошанд. Дар Тоҷикистон Г.-ро дар ВМКБ ва минтақаи Рашт парвариш мекунанд. Гадик дар Афғонистон бо номи «ҳазорагӣ» машҳур аст.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Животноводство Таджикистана. Д., 1975;
  • Джапаридзе В. С. Овцеводство. М., 2002.

Сарчашма вироиш