Гадойбой Алиев
Гадойбой Алиев (1901, деҳаи Ҷигдалики ноҳияи Конибодом — 6. июн 1988, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Колхозчӣ (1931 — 40) ва сардори звенои пахтакории колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Конибодом (1940 — 66). Аз соли 1966 нафақагир буд. Звенои Алиев соли 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ вироиш
Сарчашма вироиш
- Алиев Гадойбой // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.