Гадолиний
Гадоли́ний (лот.нав: Gadolinium), Gd — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 64, массаи атомиаш 157,26. Мансуби лантаноидҳост.
64 | Гадолиний
|
157,25 | |
4f75d16s2 |
ТаърихВироиш
КашфВироиш
Гадолинийро соли 1880 кимиёдони швейсарӣ Шарл де Мариняк кашф кардааст.
НомгузорӣВироиш
Ба шарафи муҳаққиқи унсурҳои нодир Юҳон Гадолин ном ниҳодаанд.
ХосиятҳоВироиш
ФизикӣВироиш
Филиззи душворгудози сафеди нуқрагун; ҳарорати гудозишаш 1312°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2800°С, зичиаш 7,89 г/см3. Гадолиний 5,9∙10−4%-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Дар таркиби минералҳои гадолинит, монатсит, бастензит мавҷуд аст.
ХимиявӣВироиш
152Gd (давраи нимкоҳишаш 1014 сол) изотопи дарозумри гадолиний мебошад. Дар ҳавои намнок бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад. Дараҷаи оксидшавиаш +3. Дар шароити муқаррарӣ бо галогенҳо, вақти гарм кардан бо нитроген, сулфур, фосфор, силитсий ва гидроген вокуниш зоҳир мекунад. Бо филиззот хӯла ба вуҷуд меорад. Гадолиний оби гармро бо ихроҷи гидроген таҷзия менамояд. Хлорид, нитрат ва сулфатҳои гадолиний дар об хуб, карбонат, фосфат, фторид, оксалатҳои он бад ҳал мегарданд. Он дар техникаи ҳастаӣ ҳамчун ҷозиби нейтронҳо истифода мешавад.
АтомӣВироиш
ИзотопҳоВироиш
Дар табиат ҳафт изотопи гадолиний вуҷуд дорад.
Мавҷудият дар табиатВироиш
Гадолиний аз таркиби пӯлод сулфур ва газҳоро хориҷ намуда, хосиятҳои онҳоро беҳ месозад. Гадолиний ва хлориду сулфатҳои он дар таҳияи маводди миқнотисӣ истифода мешаванд. Молибдати гадолиний дар техникаи оптикию электронӣ, селениди он Gd2 Se3 дар таҳияи нимноқилҳо ба кор меравад.
ЭзоҳВироиш
- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ Yttrium and all lanthanides except Ce, Pm, Eu, Tm, Yb have been observed in the oxidation state 0 in bis(1,3,5-tri-t-butylbenzene) complexes, see Cloke, F. Geoffrey N. (1993). «Zero Oxidation State Compounds of Scandium, Yttrium, and the Lanthanides». Chem. Soc. Rev. 22: 17–24. doi:10.1039/CS9932200017.
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.
АдабиётВироиш
- Менделеев Д. И. Элементы химические // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- Идрисов Т. Кимиёи аносир (элементҳо). Д., 2004;
- Химия. Справочное руководство. Л., 1975;
- Шретер В. (ва дигарон). Химия. М., 1989.
СарчашмаВироиш
- Гадолиний / Т. Идрисов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
ПайвандҳоВироиш
Ин мақола оиди химия нопурра аст. Шумо метавонед бо пурракардани ин ба Википедия кумак кунед. |