Гай Эккер

Ҳунарпешаи амрикоиву бразилӣ

Гай Фредерик Эккер португалӣ: Guy Frederick Ecker (9 феврал 1959, Сан-Паулу, Бразилия) — ҳунарпешаи амрикоиву бразилӣ. Ӯ дар синамои Амрикои Лотинӣ фаъолият мекунад.

Гай Эккер
португалӣ: Guy Ecker
Ном ба ҳангоми таваллуд: Guy Frederick Ecker
Таърихи таваллуд: 9 феврал 1959(1959-02-09) (65 сол)
Зодгоҳ: Сан-Паулу, Бразилия
Шаҳрвандӣ:  ИМА
 Бразилия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1985-то ҳол
Ҷоизаҳо: TVyNovelas
IMDb: ID 0248564
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

9 феврали соли 1959 дар Сан-Паулу дар оилаи Боб ва Марион Эккерҳо таваллуд шудааст. Оила аз ИМА барои истироҳат ба Бразилия рафтанд ва дар он ҷо актёри оянда таваллуд шудааст. Пас аз таваллуд, волидон ба Иёлоти Муттаҳида баргаштанд. Ӯ фарзанди сеюм дар оила буда, инчунин бародарону хоҳарон дорад: Ҷон, Эве, Эмӣ ва Лиа. Ӯ бо се забон ҳарф мезанад: португалӣ, испанӣ ва англисӣ, ки дар натиҷа ӯ воқеан дар бисёр кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳатто дар ИМА ба навор гирифта шудааст. Ӯ 5 сол дар Донишгоҳи Техас таҳсил намуда онро хатм кардааст.

Фаъолият вироиш

Ҳунарпеша дар рушди синамои Мексика саҳми бузург гузошта, соли 2001 дар силсилафилми телевизионии "Salome" дар нақши Хулио Монтесино нақш бозида, пас аз он дар бисёр кишварҳои ҷаҳон маъруфият пайдо кард, ки соли 2004 силсилафилми телевизионии мазкур бомуваффақият дар шабакаи телевизионии "ТВ Центр"-и Русия пахш шуд. 9 маротиба барои чор ҷоизаи гуногун пешбарӣ шудааст: ACE[1], TVyNovelas/Columbia, TVyNovelas/Mexico ва Premios People en Español. Дар натиҷа, ӯ дар се номинатсия (як пирӯзӣ аз се ҷоизаи аввал) ғолиб омад.

Аз соли 2010 то 2011 дар силсилафилми мелодрамавии амрикоии "Эволуно" нақши марказии Дониэл Вилянуэваро бозидааст, ки ҷуфти ӯро Бланко Сото иҷро намудааст. Силсилафилм дар Тоҷикистон низ тамошобинони худро пайдо намуд.

Эккер аз соли 2013-2014 дар теленовелаи колумбии Por siempre mi amor нақши Артуро де ла Риваро бозидааст. Дар маҷмӯъ, ӯ зиёда аз 20 кор дар филмҳо ва силсилафилмҳои телевизионӣ иштирок кардааст.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Гай Эккер ду маротиба издивоҷ кардааст:

  • Ҳамсари аввалини актёр ҳунарпешаи амрикоӣ, сароянда, барандаи телевизион ва продюсер Ниа Пиплз буд, ки ин издивоҷи чаҳоруми ӯ буд. Вай сарнавишти издивоҷҳои қаблии худро такрор кард - ҳамсарон ҷудо шуданд.
  • Зани дуюми актёр Эстела Сайнз аст, ки ин издивоҷ хеле қавӣ ва пойдор аст, онҳо ду фарзанд доранд.

Филмнома вироиш

Телевизион
Сол Номгӯй Нақш Тавзеҳот
1994 Café, con aroma de mujer Sebastián Vallejo Cortez
1996 Guajira Helmut Heidenberg
1998 La mentira Demetrio Azúnsolo
2001 Salomé Julio
2003-2005 Las Vegas Detective Luis Perez 12 қисм
2006 Heridas de amor Alejandro Luque Buenaventura
2010 Eva Luna Daniel Villanueva
2011-2012 Corazón apasionado Armando Marcano
2012 Rosario Alejandro Montalbán
2013-2014 Por siempre mi amor Arturo de la Riva
2018-2020 El Senor de los Cielos Joe Navarro
2018 El Recluso John Morris[2]
2021-2022 Parientes a la fuerza George Cruz

Вебновелаҳо вироиш

Синамо вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш