Галлий (лот. Gallium), Gaунсури кимиёӣ аз гурӯҳи III-и Ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 31, массаи атомиаш 69,72.

31
Галлий
69,723
3d104s24p1

Таърих

вироиш

Кашф ва номгузорӣ

вироиш

Галлийро соли 1875 кимиёдони фаронсавӣ Л. Де Буабодран кашф намудааст. Ба шарафи номи лотинии Фаронса — Galliа Галлий ном мондаанд.

Хосиятҳо

вироиш

Физикӣ

вироиш

Филиззи зудгудози сафеди нуқрагун; ҳарорати гудозишаш 29,8°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2403°С, зичиаш 5,1 г/см3. Галлий ягона филиззест, ки дар фосилаи ҳарорати 29,8-2400°С моеъ мебошад.

Химиявӣ

вироиш

Хосияти кимиёии Галлий ба алюминий мушобеҳ аст. Дараҷаи оксидшавии пайвастҳои Галлий +3 мебошад; пайвастҳои дараҷаи оксидшавиашон +1 Ga2O ва +2 GaCl2 низ маълуманд. Дар ҳаво бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад. Дар шароити муқаррарӣ бо хлору бром, ҳангоми гарм кардан бо йод, оксиген ва сулфур вокуниш мекунад. Дар кислотаҳои сероб бо ихроҷи ҳидроген ҳал мегардад. Бо оксиди Ga2O3 ва ҳидроксиди Ga(OH)3 хосияти амфотерӣ зоҳир менамояд, бо кислотаву ишқорҳо ба реаксия дохил шуда, намак ҳосил мекунад. Галлийи холисро аз электролизи маҳлули Ga(OH)3 ба даст меоранд. Пайвастҳои Галлий дар ҳарорати паст гудохта ва бухор мешаванд. Галлий бо филиззот хӯлаҳои зудгудоз ҳосил менамояд, масалан, хӯлаи он — индий дар ҳарорати 16°С гудохта мешавад. Пайвастҳои Галлий бо сурма Sb ва арсен As хосияти нимноқилӣ доранд. Аз сабаби он ки Галлий филиззи зудгудоз ва безаҳр аст, онро метавон ба ивази симоб дар дандонсозӣ истифода намуд. Галлийи моеъ бо аксари филиззот хӯла ва пайвастҳои хосияти механикиашон заиф ҳосил менамояд. Бинобар ин, мавҷудияти Галлий дар таркиби филиззот боиси суст шудани устувории онҳо мегардад.

Изотопҳо

вироиш

Галлий дар табиат дар шакли ду изотоп — 69Ga (60,5 %) ва 71Ga (39,5 %) вуҷуд дорад. Изотопҳои радиоактиви он низ маълуманд. Галлит CuGaS2 аз ҷумлаи минералҳои Галлий аст. Галлий дар таркиби руҳ, оҳан ва алюминий дучор меояд.

Мавҷудият дар табиат

вироиш

Мавҷудияти Галлийро Д. И. Менделеев чор сол қабл аз Л. Де Буабодран пешгӯӣ карда, онро экаалюминий номида буд. Галлий 1,5∙10−3% -и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Мансуби унсурҳои пароканда аст.

  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. 2.0 2.1 Zhang Y (2011). «Corrected Values for Boiling Points and Enthalpies of Vaporization of Elements in Handbooks». J. Chem. Eng. Data 56 (2): 328–337. doi:10.1021/je1011086.
  3. Ga(−3) has been observed in LaGa, see (2011) «Lanthan-Triel/Tetrel-ide La(Al,Ga)x(Si,Ge)1-x. Experimentelle und theoretische Studien zur Stabilität intermetallischer 1:1-Phasen». Z. Naturforsch. 66b: 1107–1121.
  4. Hofmann, Patrick (1997). Colture. Ein Programm zur interaktiven Visualisierung von Festkörperstrukturen sowie Synthese, Struktur und Eigenschaften von binären und ternären Alkali- und Erdalkalimetallgalliden (PDF) (in немисӣ). PhD Thesis, ETH Zurich. p. 72. ISBN 978-3728125972. doi:10.3929/ethz-a-001859893. 
  5. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Лоуренсий» аст
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: