Галярда
Галярда (ит. gagliarda, айнан – зиндадилона, хушҳолона) — рақси қадимаи итолиёвии дукаса, камдаркам рақси якка, ки дар асрҳои XVI-XVIII ба вуҷуд омада буд. Андозаи мусиқӣ 3 – ҳиссагӣ, суръаташ зиндадилона. Галярда бисёр вақт баъд аз павана иҷро мешуд. Дар асрҳои XVII-XVIII ҳамчун қисми сюитаи созӣ боқӣ монд; барои вай суръати суст бо тобиши (фактураи) полифонӣ хос гардид. Композиторон Ӯ. Бёрд, О. Гиббоне, М. Франк, Ҷ. Витали ва дигарон Г. навиштаанд.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.90. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |