Ганҷина (деҳа, н. Хуросон)

Ганҷинадеҳа дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣи ноҳияи Хуросон. Аз Ганҷина то маркази ҷамоат 14 км, то маркази ноҳия 24 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 692 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Ганҷина
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Хуросон
Ҷамоат Деҳоти Садриддин Айнӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 692 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3242
Нишонаи почта 735140

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, бунгоҳи тиббӣ, осиёби хусусӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳаёти Нави ҷамоати деҳоти Қизилқалъа давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Ёвонсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Ганҷина хоҷагии деҳқонии ҷангалпарварӣ мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш