«Ганҷи Вахш» — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон.

Ганҷи Вахш

Соли 2009 дар соҳили дар Вахш, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариён ташкил ёфтааст. Маҳсулоти истеҳсолии корхона: шағал, сангреза, рег ва анвоъи дигари маҳсулоти сохтмонӣ. Корхона талаботи корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва аҳолии минтақаҳои мазкурро бо маҳсулоти сохтмонӣ қонеъ мегардонад. Соли 2014 дар корхона 15 нафар коргару мутахассис фаъолият мекарданд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш