Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ганҷи ирфон. Иборат аз 2 ҷмлд. - Душанбе:Илм,2015

«Ганҷи ирфон»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зери назари доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмадов аз чоп баровард. Ҷилди якуми ашъор аз 10 рисола ва ҷилди дуюми осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 27 асари ӯро фаро гирифтааст. Ёдовар бояд шуд, ки таҳияи асарҳои бузургвор дар асоси нусхаҳои хаттие, ки дар захираи дастхатҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфузанд, омода шудааст. Аксари асарҳои дар ҷилди мазкур воридшуда аз рӯйи мазмуну мундариҷаи худ илмӣ ва соҳавиянд. Бештари онҳо ба соҳаи фалсафа ва мантиқ мансуб буда, асарҳои сирф сӯфиёнаи Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар бар мегиранд. Зиндагии пандомӯз ва осори гаронқадри яке аз намояндагони илму адаби тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давоми тақрибан 700-сол мавриди ибрат ва омӯзиш қарор гирифтааст. Ҷанбаи ахлоқию маънавии осори алломаи Шарқ басо бою рангин буда, мардумро пайваста ба ваҳдат, иттифоқу иттиҳод, дӯстию бародарӣ, накӯкорию амонатдорӣ даъват менамояд. Мавсуф чун мутафаккири барҷастаи илму маданияти асрҳои миёнаи Машриқзамин дар ривоҷи улуми ҷамъиятшиносӣ, фалсафа, адабиёт ва тасаввуф саҳми босазо дорад.[1]