Мирзо Муллоаҳмад

(Тағйири масир аз Мирзо Муллоаҳмадов)

Мирзо Муллоаҳмад (20 феврали 1948, деҳаи Дардар, ноҳияи Айнӣ — 25 январи 2023[1], Душанбе) — адабиётшинос ва эроншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1993). Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (2008). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994).[2]

Мирзо Муллоаҳмад
Мирзо Муллоаҳмадов
Таърихи таваллуд 20 феврал 1948(1948-02-20)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 25 январ 2023(2023-01-25) (74 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Ҷоизаи ба номи М.Осимӣ Академияи илмҳои ҶТ (2007)

Зиндагинома

вироиш

Мирзо Муллоаҳмад 20 феврали 1948 деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (1969) ба поён расондааст. Ихтисос — «шарқшиносӣ». Мудири шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ (1987—1993), муовини директори Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ (1989—1993). Мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ (1995—1999). Сардори Шуъбаи илмиву созмондиҳӣ (2000—2004), муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶТ (2004 — то имрӯз). Намояндаи Маҷлиси шаҳри Душанбе (1990—1995).

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиётшиносӣ, эроншиносӣ, фарҳангшиносӣ. Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад, ки аз онҳо 15 монография ва маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон мебошанд. Таҳти роҳбарии ӯ 14 нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ кардаанд.

Мирзо Муллоаҳмад адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форсу Шарқ, роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст.

Рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои фаъолияти илмии ӯ буда, «Донишномаи Рӯдакӣ» таҳти сарварии ӯ таълифу чоп шудан дорад.

Асарҳои илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978), «Нишот ва Миҷмар» (1983), «Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ» (1985), «Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967), «Қоонии Шерозӣ» (1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2012) дар нашриёти «Адиб», «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2011) дар нашриёти «Деваштич», «Бузургдошти инсони нек» (2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расидаанд. Матни мунтахаби оммавии «Қобуснома»-и Унсурмаъолӣ Кайковус (1979, 2007), «Рубоиёти Умари Хайём» (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (дар ҳаммуаллифӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (дар ҳаммуаллифӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (дар ҳаммуаллифӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (дар ҳаммуаллифӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999), «Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав» (2003), «Дахунома» (2003), «Гулчини девони Ҳофиз» (2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), «Дар партави Хуршед» (2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав» (2013) ва ғ.-ро ба чоп расондааст. Баъзе аз асарҳои илмиаш дар Маскав, Теҳрон, Вашингтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғ. чоп шудаанд. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ-ХХ» (Маскав, «Наука», 1999) мебошад. Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон,2001), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) ва ғ. хонандагони эрониро бо намунаҳои осори шоирони маъруфи тоҷик ошно кардаанд. Дар нашрияҳои муътабари Эрон асарҳои илмии ӯ "Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008, дар ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2010) нашр шудаанд. Ҳамчунин, рисолаи маъруфи ховаршиноси ленинградӣ Абдураҳмонов «Рӯдакӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт» дар тарҷума ва тавзеҳи ӯ боре дар Душанбе (2008) ва ду маротиба дар Теҳрон (2012, 2014) ба табъ расид[3].

Фаъолияти ҷамъиятӣ

вироиш

Узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Теҳрон), фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии «Пажӯҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд (Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО (Теҳрон), шӯрои дифоъи рисолаҳои доктории Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ғ. мебошад.

Даргузашт

вироиш

Мирзо Муллоаҳмад ки аз бемории дилу гурда ранҷ мекашид, 25 январи 2023 дар 75-солагӣ даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе дафн карданд[4].

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ҷоизаи ба номи Осимӣ АИТ (2007).
  • Ҷоизаи «Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ».
  1. Зиндаӣ дар ёдҳо, дар ёдҳо! (таслиятномаи аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” дар робита бо даргузашти муҳаққиқ, матншинос, адабиётшинос ва эроншиноси маъруфи тоҷик Устод Мирзо Муллоаҳмад). ravshanfikr.tj. Равшанфикр (25 Январ 2023). 25 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  3. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 138—139 ISBN 978-99947-2-379-9
  4. Донишманди шинохта ва тарҷумони Қуръон даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 25 Январ 2023 санҷида шуд.