Гвардия
Гва́рдия (итол. guardia «посбон, ҳифз, ҳимоя») — дар қадим лашкарҳои камшуморро, ки барои муҳофизати шахсии сардори давлат ё сардори ҳарбиён хидмат мекарданд, баъдтар қисми мунтахаби ҳарбиро гвардия меномиданд.
Таърих
вироишМафҳуми «гвардия» дар Итолиё садаи X пайдо шуд. Нахустин полки гвардиявиро Людовики XIII соли 1553 дар Фаронса ташкил кард. Дар давраи шоҳигарии Людовики XIV гвардия на фақат муҳофизи сардори давлат ҳисоб мешуд, балки мактаби ҳарбии афсарҳо низ буд. Инқилоби буржуазии Фаронса (охири садаи XVIII) гвардияи шоҳиро барҳам дода, гвардияи миллии буржуазӣ таъсис дод, ки ҳайати он аз ашрофзодагон интихоб мешуд. Соли 1811 Наполеони I гвардияи иборат аз 52 000 нафарро ташкил кард, ки ба ҳайати он лашкарҳои пиёда, савора, артиллерӣ ва флоти баҳрӣ дохил буданд. Соли 1871 ба ҷойи артиши доимии Фаронса гвардияи миллии мардумӣ ташкил карда шуд, ки Комунаи Порисро далерона ҳимоя мекард. Умуман то саршавии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) аксари артишҳо гвардия доштанд. Дар Русия солҳои 1696—1700 Пётри I гвардия ташкил кард, ки баъдтар ба гвардияи куҳна ва гвардияи ҷавон тақсим шуд. Ба ҳайати ин гвардияҳо қисмҳои ҳарбӣ ва киштиҳо дохил мешуданд. 18 сентябри 1941 гвардияи шӯравӣ таъсис ёфт, ки солҳои ҶБВ (1941—1945) дар мубориза бар зидди душманон қаҳрамониҳои зиёд кардаанд. Дар Тоҷикистон гвардия соли 1995 таъсис ёфтааст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гвардия / М. Комилова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.