Генерал-фелдмаршал
Генерал-фелдмаршал (олмонӣ: Generalfeldmarschall) — рутбаи олии низомӣ дар артишҳои хушкигарди Олмон, Утриш ва Русия.
Таърих
вироишНахустин бор дар садаи XVI дар Олмон ва аз соли 1699 тавассути Пётри 1 дар Русия муқаррар гардид (то соли 1917). Дар чандин кишвар, аз ҷумла Фаронса, он қиёсан ҳамрадиф ба дараҷаи маршал (маршал-генерал) буд. Бо таваҷҷуҳ ба дараҷабандӣ генерал-фелдмаршал баробар бар рутбаҳои генерал-адмирали флот, канслер ва ё мушовири мухтори дараҷаи аввали хадамоти мулкӣ шумурда мешуд. Дар аҳди Пётри 1 ҳамчунин рутбаи генералфелдмаршал-лейтенант (яъне муовини генерал-фелдмаршал, баландтар аз генерал-аншеф) низ роиҷ буд. Ин рутба ҳамчун ҷоизаи ифтихорӣ ғолибан ба хориҷиҳое дода мешуд, ки дар артиши рус хидмат намекарданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бантыш-Каменский Д. Н. Биографии российских генералиссимусов и генерал-фельдмаршалов. В 4-х частях. М., 1991.
Сарчашма
вироиш- Генерал-фелдмаршал // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.