Геннадий Ҳотамович Салибоев — доктори илмҳои геология ва минералогия (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1989).[1]

Геннадий Салибоев
Салибоев Геннадий Ҳотамович
Таърихи таваллуд 1937(1937)
Таърихи даргузашт 2000(2000)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома

вироиш

Геннадий Ҳотамович Салибоев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959), ихтисос – «геология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳқиқи палеонтологиву стратиграфии таҳшинҳои мезозою кайнозойии минтақаҳои Шарқии Осиёи Миёна. Ходими хурд, калон ва пешбари илмии Институти геологияи Академияи илмҳои ҶТ (1966-1991), и.в. саркотиби илмии Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (1991-1995), ходими пешбари Институти геологияи Академияи илмҳои ҶТ (1995-2000).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1989).
  • Бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1963) тақдир шудааст.

Манобеъ

вироиш
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.