Ҷуғрофиё

ҷугрофия
(Тағйири масир аз География)

Ҷуғрофиё ё География (аз калимаи юнонӣи γεωγραφία гирифта шуда тасвир намудани замин мебошад) — илм дар бораи замин, дар бораи харакати замин, ҷойгиршавии замин ҳамчун сайёра дар ситема офтобӣ, дар бораи шакли замин, сохт ва релефи замин, дар бораи атмосфераи замин ва дар бораи ҳаёти органикии он маълумот медиҳад. География ҷамъи маълумот ва ҳолат буда, аз тарафи як қатор илмҳо кор карда бароварда мешавад ва ҳаёти рӯйи заминро ҳаматарафа меомӯзад.

Маҷмӯи ба ҳам алоқаманди илмҳо оид ба табиат (географияи табиӣ) ва ҷамъият (географияи иқтисодӣ), ки комплексҳои территориявии иабиӣ ва истеҳсолиро бо мақсади самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва оқилона ҷойгиркунонии истеҳсолот меомӯзад. Илмҳои табиатшиносию географӣ ба географияи табиии умумӣ (заминшиносии умуми) ва географияи табиии регионалӣ (ландшафтшиносӣ) ҷудо мешавад.

Географияи табиии умумӣ қонунияти умумии сохт, таркиб, динамика ва табакаи географии Замин; географияи табиии регионалӣ қонунияти комплексҳои территориявии табииро тадқиқ менамояд.

Географияи иқтисодӣ бошад, қонунияти ҷойгиркунонии истеҳсолот, шароит ва хусусиятҳои тараққиёти онро дар мамлакат ва ноҳияҳои гуногун меомӯзад. Объекти тадқиқоти географияи табии ва иктисоди гуногун буда, яке аз руйи қонунҳои табиат, дигаре дар асоси қонунҳои ҷамъият инкишоф ёбал хам, дар байни онҳо алокаи мустахкаме хаст. Асоси ин алокаманди дар он аст, ки таъсири фаъолияти инсон ба табиат ба назар гирифта шуда, ба истеҳсолоти ҷамъияти аз нуктаи назари шароитҳои реалии табии бахо дода мешавад. Дар алокамандии географияи табиию иктисоди аз як тараф ва як катор илмҳои шабех аз тарафи дигар геохимияи ландшафтхо, кишваршиноси, этнография, демография, географияи табии, таърихи ва ғайра инкишоф меёбанд. География хамяун илм дар давраи сохти гуломдори дар Миср, кишварҳои Осиёи Пеш, Ҳиндустон, Хитой, дертар дар Юнон ва Рум ру ба инкишоф ниход. Он вактхо география бештар хусусияти тасвири дошт. Маълумотҳои онро баои баҳрнаварди, тичораи, корҳои харби ва идораи мамлакат истифода мебурданд. Исбот гардидани куррашаклии Замин ва мавчудияти минтакаҳои иклими комёби бузурги географияи хамонвакта буд. Олтмон — географҳои машҳури дунёи бостон (Ҳеродот ва Страбон), ки ҳанӯз географияро аз таърихи халқхо чудо намекарданд (инчунин Арасту, Эратосфен ва Дикеарх), аввалин бор дарозии дарачаи меридианро чен карданд. Птолемей (Батлимус) харитаи территориявие тартиб дод, ки он аз уқёнуси Атлантик то ба Ҳинд ва аз Скандинавия то болооби Нилро дарбар мегирифт. Дар ибтидои асрҳои миёна география махсусан дар кишварҳои шарқи Араб ва Чин равнак ёфт; дар инкишофи география ҳиссаи олимони Осиёи Миёна низ хеле калон аст. Нишонаҳои аввалини афкори географии халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар ёдгориҳои бостони (навиштачоти кухи Бесутун, барелефҳои Исфахон, кандакории кухи Дамованди Хамадон, катибаҳои руйидевории шаҳрҳои бостонии Панчакент, Тирмиз, Марв ва Бомиён) акс ёфтаанд.

Қорраҳо (Qorraho)

вироиш

Дигар, Digar

вироиш