Гиждалобод
(Тағйири масир аз Гиждалобод (деҳа, н. Рӯдакӣ))
Гиждалобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гиждалобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 40 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3195 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Чоряккорон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3195 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3137 |
Таърих
вироишДеҳа солҳои 1948–49 баъди ба истифода додани Канали калони Ҳисор ва обёрӣ гардидани заминҳои бекорхобида бунёд гардида, аҳолӣ аз деҳаи Чоряккорон кӯчонда шудаанд.
Ицтисод
вироишМуассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 масҷиди панҷвақта, чойхона, 4 нуқтаи савдои хусусӣ ва 3 анбори нигоҳдорӣ ва фурӯши сӯзишворӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Ҳисор обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гиждалаобод 22 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуданд. Роҳи оҳани Душанбе – Заводи семент аз ҳудуди деҳа мегузарад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гиждалобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2